ВидеоМуҳоҷирон

САФОРАТ: МУТААССИФОНА, БОРРАСОНИ КОРДХӮРДА АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав расман тасдиқ кард, ки боррасони ширкати «Яндекс.Еда», ки рӯзи 14 декабр дар Маскав аз гарданаш корд хӯрд, мутаассифона, дар ҳақиқат шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Бино ба иттилои сафорат, ӯ Хайрандеш Худойназаров ном дошта, ҳоло дар шуъбаи реаниматсияи бемористони клиникии ба номи Иноземтсев бистарӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон гуфт, кормандони сафорат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав ва табибони бемористон аз наздик дар тамос ҳастанд, вале ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот аз ифшои ҷузъиёти қазия дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунанд, “Сафорат ҷараёни баррасии қазияро пайгирӣ хоҳад кард, то ки тафтишот ба таври фарогир ва одилона анҷом шавад”, – таъкид кардааст хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, як ҷавони 20-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки дар ширкати “Яндекс.Еда”  ба ҳайси боррасон (курйер) кор мекард, дар шаҳри Маскав дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” аз гарданаш корд задаанд. Ҳамлагар 40 сол дошта, аз вилояти Кемерово ва дар ҳолати ҳамла ба ҷавони тоҷик масти лояқил будааст. Ӯро дастгир кардаанд.

“Ҳамлагар фарёд кашидааст: “Ана ҳамин гуна ғизорасонҳо маро аз ҷои кор маҳрум карданд!” Вай сипас ба боррасон ҳамла карда, бо корд ба гарданаш зад” – гуфтаанд шоҳидони ҳодиса.

Дар ширкати “Яндекс” ба Телеграм-канали Shot дар ҳамон рӯзи гуфтанд, ки: “Мо аз ин ҳодиса ба шок афтодаем ва дар робита бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорем. Кӯшиш карда истодаем, ки ғизорасонро пайдо кунем ва ба  ӯ кумак расонем.”

Дар ширкати “Яндекс” ҳамчунин гуфтанд, боррасонҳое, ки ба ҳайси шарик бо хадамоти “Яндекс.Еда” ҳамкорӣ мекунанд, ҳар кадомаш ба маблағи то 2 миллион рубл суғурта карда шудаанд ва ҳамчунин ба онҳо кумаки ҳуқуқии бепул расонда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button