ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

PAMIR DAILY NEWS: МУЗОКИРОТ ДАР ХОРУҒ ДУЧОРИ БУНБАСТ ШУД, “ГУРУҲИ 44” АЗ ҲАМКОРӢ БО ВКД ВА КДАМ ДАСТ КАШИД

Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарие, ки рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 14 декабр бо такя ба манобеаш дар Хоруғ хабар дод, ки музокироти намояндагони тазоҳургарон бо мақомоти қудратӣ амалан дучори бунбаст шудааст.

Бино ба иттилои манбаи нашрия, рӯзи 13 декабр мулоқоти намояндагони комиссияи муштараки таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) Саймумин Ятимов доир шудааст, вале дар ин мулоқот тарафҳо ба тавофуқ расида натавонистаанд.

Дар натиҷа, хабар медиҳад Pamir Daily News, “рӯзи 14 декабр  намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки  дар комиссияи муштараки таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков кор мекарданд, расман аз ҳамкорӣ бо ВКБ ва КДАМ Тоҷикистон даст кашиданд. Онҳо гуфтаанд, ки аз ин ба баъд фақат бо прокуратура кор мекунанд.”

Мақомоти расмии КДАМ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

 “Гуруҳи 44” ё “Комиссияи 44” дар поёни моҳи ноябр аз ҷониби эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ташкил шуда буд.

Эътирозҳое, ки дар Хоруғ 25 ноябр сар шуда, се кушта ва 16 захмӣ аз тарафи сокинони Бадахшон ва 12 захмӣ аз байни кормандони мақомоти қудратӣ боқӣ гузошт, рӯзи 28 ноябр дар пайи чанд талаби эътирозгаронро қабул кардани мақомот ба анҷом расид. Мақомот аз ҷумла розӣ шуданд, ки қазияи марги Зиёбековро ҳамроҳ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ таҳқиқ карда, ягон нафарро барои иштирок дар эътирозҳо ба ҷавобгарӣ накашанд ва алоқаи мобил ва Интернетро дар Хоруғ ва атрофи он барқарор кунанд.

Аммо бо гузашти беш аз ду ҳафта то ҳол ҳеҷ кадом аз ин ваъдаҳо иҷро нашудааст: Алоқаи мобил танҳо қисман барқарор карда шуда, Интернет танҳо дар бонкҳо ва идораҳои давлатӣ дода мешавад ва бар хилофи ваъдаи касеро ба ҷавобгарӣ накашидан мақомоти қудратӣ алакай чанд дафъа ба “саркардагони гуруҳҳои ҷиноӣ” паём мефиристанд, ки бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шуда, аз ҷумла дар бораи нақшашон дар эътирозҳои ахир баёнот диҳанд, вагарна нисбат ба онҳо низ “чораҳои қотеона” андешида хоҳад шуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 13 декабр дар Хоруғ дар ҷаласаи ҷамъбасти 11 моҳи фаъолияти мақомоти милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, “бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.” Ба ақидаи генерал-полковник Раҳимзода, вилояти Бадахшон “дар партави дастгириву ғамхориҳои президент Эмомалӣ Раҳмон” сол аз сол рушду тараққӣ ёфта истодааст, “аммо роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд.”

Вале Pamir Daily News  навиштааст, ки тартибот дар Хоруғ пеш аз ҳама бо кумаки “Гуруҳи 44” барқарор карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button