ВидеоНуқтаи назарҶомеа

БЛОГЕР МАНИЖАИ УМЕДУЛЛОҲ: ҲАМ ТАҲҚИРАМ КАРДАНД, ҲАМ ҶАРИМААМ БАСТАНД… (ВИДЕО)

Манижаи Умедуллоҳ (Манижа Назарова), блогери тоҷик, ки  дар Фейсбуку Инстаграм ва Ютубу ТикТок бештар пиромуни масоили либосу ороиш ва зебоии занону духтарон матлабҳо нашр мекунад, рӯзи 5 декабр дар робита ба як ҳодисаи ҷанҷолӣ дар сархатти расонаҳо қарор гирифт.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  бо нашри акси як ҷавону як духтар хабар дод, ки рӯзи 3 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дағалгуфтории Баҳоваддин Ашурализода, як марди сисолаи зодаи Бохтар ва Манижа Назарова, сокини 25-солаи Душанбе нашр шуд ва дар пайи пурсишу баррасӣ мақомоти милитсия ба зидди ҳарду бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ  тартиб доданд. Бо қарори додгоҳ, Ашурализодаро ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, духтарро 420 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Манижаи Умедуллоҳ (Назарова) шоми 5 декабр дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ҳам аз ҷарима шуданаш нороҳат шудааст ва ҳам аз ин ки аксашро бидуни иҷозати ӯ “ба мисли як ҷинояткор” нашр карда, сабаби вайрон шудани нақшаи издивоҷаш шудаанд.

“Ман то ҳол ҳеҷ нафаҳмида истодаам, ки чаро мани ҷабрдидаро ҷазо доданд. Он мард дасти маро қапид ва бар илова дашномҳои қабеҳ дод ва ҳар каси дигар ҳам дар ҷои ман мебуд, инро беҷавоб намегузошт. Ман ҳам сари қаҳр бо лаҳни муносиби худи он мард ҷавобаш додам. Ман бояд чӣ кор мекардам? Хап менишастам? Дар ҳолати хеле бад қарор доштам он лаҳза ва ҳатто онҳое, ки маро мешиносанд, баъди дидани видео мегӯянд, ки ҳеҷ гумон надоштанд, ки ягон вақт аз забони Манижа чунин суханонро мешунаванд”, – мегӯяд Манижа.

Вай афзуд, ки худи кормандони милитсия ба вай муроҷиат кардаанд, ки ба зидди он ҷавон шикоят бинависад. Вале вақти бозпурсӣ, нақл кард Манижа, кормандони милиса ба он ҷавон ҳам пешниҳод кардаанд, ки аз рафтори ӯ шикоят кунад.

Ӯ нақл кард, ки се корманди милиса ба ҷои кораш омада, бо фиреб аксашро гирифтаанд: “Гуфтанд, ки барои парванда даркор аст. Ман чанд бор пурсидам, ки боз чоп накунед дар ягон ҷо? Қасам хӯрданд, ки не, фақат барои парванда аст. Ҷои кори ман ҷои фурӯши фатаҳои арӯсӣ аст. Онҳо гуфтанд, дар пеши фатаҳо намешавад, ягон девори холӣ даркор. Боз чунин як девори холӣ ёфтем, ки акси даркориашонро бигиранд. Имрӯз баъди онки акси ман чоп шуд, он се милиса ҳеҷ кадомаш ба калла намегирад. Ва оне, ки бевосита акс гирифт, мегӯяд, ба онҳо фармон шуда буд, ки аксатро биорем, вале ба чопаш дар сомонаи РВКД мо дахл надорем.”

Манижаи Умедуллоҳ мегӯяд, ҳоло дар фикри адвокат гирифтан ва ҳимоят аз ҳуқуқи худаш аст, чунки нашри аксаш дар сомонаи РВКД Душанбе зиндагиашро ба ҳам зад: “Як моҳ пас ман тӯй доштам. Ҳоло домод ба ман мегӯяд, ки аҳли хонаводааш ба вай ин аксро фиристода, пурсида истодаанд, ки ту ҳамин духтарро ҳоло ҳам гирифтаниӣ?  Охир акси маро мисли ҷинояткорон монданд ва тарафи домод ҳама ҳайрон шуд. Тӯйи ман, ба фикрам, бекор шуд бо ҳамин…”

Дар гузашта дар бораи мавридҳои зиёди муҷозоти ҷавонон барои гаппартоӣ ба занону духтарон ва  барои таҳқири ҷинси латиф дар Душанбе хабарҳо нашр шудааст, вале муҷозоти як духтар барои дағалгуфторӣ нисбат ба ҷавоне, ки нисбат ба вай бад рафтор кардааст, зоҳиран бори аввал ба назар мерасад. Аммо як манбаъ дар РВКД Душанбе гуфт, дар наворе, ки дар Интернет худи Манижа нашр кардааст, асосан дашномҳои худаш сабт шудаанд. “Вақте он ҷавонро 5 шабонарӯз ҳабс кардем, духтарро ягон ҷазо намедодем, беадолатӣ мешуд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Манижаи Умедуллоҳ мегӯяд, ҳар вақте ӯ дастгоҳи сабти телефонашро рӯшан мекард, он ҷавон метарсид ва хомӯш мешуд, вале баробари хомӯш кардани сабт дигарбора бо як лаҳни қабеҳ ба таҳқиру дашноми ӯ мепардохт.

Дар видеои 24сониягие, ки дар канали Манижа дар Ютуб нашр шудааст, Манижа бо як ҷавон дармеафтад, ки чаро дасташро қапидааст? Ун ҷавон дар посух Манижаро дашноми қабеҳ дода, мегӯяд, “о як дасти ман дар сумкаам аст, як дастам дар кисаам.” Баъди ин маълум мешавад, ки дасти Манижаро як рафиқи он ҷавон (ҳамон Баҳоваддин Ашуралиев) қапида будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button