ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ОХИРИН ХАБАРҲО АЗ ХОРУҒ: ИНТЕРНЕТ ТО ҲОЛ НЕСТ, ЯТИМОВ ГУЛБИДДИНРО ҶИНОЯТКОР НОМИД

Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 1 декабр дар мулоқоташ бо фаъолон дар шаҳри Хоруғ бо нашри сабти видеоии латтукӯби як корманди мақомот гуфтааст, ки ин нафаре, ки корманди мақомотро латтукӯб мекунад, Гулбиддин Зиёбеков буд.  Вале як фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки Зиёбеков ҳатто агар гунаҳкор мебуд, инро бояд додгоҳ муқаррар мекард, на инки ба ин шакл бе ягон мурофиаву судури ҳукм кушта мешуд.

Ёдовар мешавем, кушта шудани ин сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа боиси эътирозҳои наве дар Хоруғ шуд, ки 4 рӯз давом кард. Тибқи тавофуқе, ки рӯзи 28 ноябр дар пайи 10 соати музокироти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аъзои “комиссияи 44”, ки эътирозгарон интихоб карда буданд, мақомот бархе шартҳои тазоҳургаронро пазируфта, аз ҷумла розӣ шуданд, ки марги Зиёбеков зери назари “комиссияи 44” таҳқиқ карда шавад.

Мақомот ҳамчунин ваъда дода буданд, ки аз субҳи 30 ноябр Интернет ва алоқаи мобилро дар Хоруғ ва атрофи он барқарор мекунанд. Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, алоқаи мобил ва он ҳам қисман барқарор гардида, Интернет  то ҳол дастрас нест.

“Танҳо ба муассисаҳои давлатӣ ва ба бонкҳо Интернет додаанд ва бақия мардум фақат дар вақти дар дохили бонк ё ягон идораи давлатӣ будан, агар коди вайфайро барояшон бидиҳанд, метавонанд тавассути ин муассисаҳо як муддати кӯтоҳ вориди Интернет шуда, ақалан эмейлу мессенҷерҳои худро баъди қариб як ҳафтаи беинтернетӣ тафтиш кунанд. Дигар ҳеҷ”, гуфт дар суҳбат бо “Бомдод” як сокини Хоруғ, ки аз дохили як бонки маҳаллӣ вориди Интернет шуда буд.

Дар масъалаи таҳқиқи парвандаи Гулбиддин Зиёбеков низ то кунун пешравие ба назар намерасад. Дар матбуоти давлатӣ  ӯро ҳамчунон “ҷинояткор”  ва эътирозҳои ахир дар Хоруғро кори дасти “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” ном мебаранд.

Аз ҷумла дар як мақолаи муфассале, ки мақомоти амниятӣ тавассути расонаҳои зери назорати худ  паҳн кардаанд, гуфта мешавад, ки лидерҳои ғайрирасмии Хоруғ, аз ҷумла Мамадбоқир Мамадбоқиров эътирозгаронро бо арақу шароб ва бангу чарс таъмин мекарданд, то ки тарки майдон кунанд. Дар мақола ҳамчунин иддао мешавад, ки гӯё рӯзи 27 ноябр баъди суханронии раиси вилоят Алишер Мирзонабот мардум мехост тарки майдон кунад, вале “саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” аз ин тарсида, ҳамла бо санг ба зидди раиси вилоятро ташкил карданд, ки дар натиҷа, депутати парламент Азиз Гиёзода ва ду мансабдори дигар ҷароҳат бардошта, як мошини давлатиро низ сангборон кардаанд.

Вале дар видеои лаҳзаи суханронии раиси вилоят дар майдон баракс дида мешуд, ки мардум ӯро бо нидоҳои “Истеъфо!” “пешвоз” гирифтанд ва ба назар намерасад, ки касе тарки майдон карданӣ бошад.

Дар ин мақолаи ба эҳтимоли ғолиб аз ҷониби мақомоти амниятӣ навишташуда ҳамчунин гуфта мешавад, ки “санаи 25.11.2021 прокурори шаҳри Хоруғ Рауфзода Носир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар якҷоягӣ бо 2 нафар кормандони прокуратура дар худуди Беморхонаи вилоятӣ аз ҷониби аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бе ягон асос мавриди лату кӯби шадид қарор дода шуда, ба онҳо ҷарроҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида мешавад.”

Дар мақола ҳамчунин дар бораи ҳамла ба кормандони мақомот ва зада гирифтани силоҳҳои онҳо, зада шикастани тирезаҳои бинои ҳукумати вилоят ва  ҳатто дар бораи кӯшиши ҳамла ба отряди сарҳаддии Хоруғ дар шаби 25 ноябр иддао мешавад.

Дар мақола эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро низ кори дасти

кашида гирифтани чанд мил силоҳ аз дасти кормандони мақомот ҷинояткори хавфноки дигар Аловатшоев Амриддин”номида  гуфта мешавад, ки “Аловатшоев, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, аз ҳисоби зодагони ВКМБ, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул мебошанд, шоми 25.11.2021 дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуд.”

Дар мақола ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомот нисбати “саркардагони гуруҳҳои ҷиноӣ” вобаста ҳодисаҳои ахир парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардаанд ва агар онҳо ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир нашаванд, нисбаташон “чораҳои қатъӣ” андешида хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки дар музокироти мақомот бо намояндагони эътирозгарон мақомот бо имзою муҳр ваъда доданд, ки касе аз иштирокчиёни эътирозҳо ба ҷавобгарии на маъмурӣ ва на ҷиноӣ кашида нахоҳад шуд.

Як манбаи наздик ба “комиссияи 44” рӯзи 2 декабр дар суҳбат бо пойгоҳи “Бомдод” ин мақолаи амниятиҳоро “идомаи ҷанги иттилоотӣ” номид ва гуфт, мақомот бо ин даъвоҳои беасос мехоҳанд иштибоҳҳои ҷиддии худро дар ҳаводиси ахири Хоруғ бипӯшонанд. Ӯ гуфт, дар майдони назди бинои ҳукумати Хоруғ ва ҳамин тавр берун аз Бадахшон, аз ҷумла дар Маскаву Ню Йорк мардум бо ихтиёри худ ва бо талаби адолат ба майдонҳо рехт, на таҳти таъсири арақу шароб ё банг, ки имрӯз мехоҳанд ноуҳдабароёна ҷилва диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Агар як корманди амният захм дор мешавад ин кадар вохима лекин як кудаке ки бегунох кушта шуд ягон гап нест.Хозир шумо худро сафед мекунед пагах дар пеши худованд чи чавоб медихед.

  2. Гулбиддин Зиёбеков на самом деле был преступником. Реально он оказал вооруженное сопротивление силовикам, и был убит ответным огнем. Принимайте реальность. Преступник был наказан. В США если руку поднимешь на полицейского, они могут тебя за это застрелить, а этот Гулбиддин З. выстрелил в сторону полицейских. Я просто то что есть это и говорю.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button