ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ОХИРИН АХБОРИ ХОРУҒ ТО ИН СОАТ: МУЗОКИРОТИ БАЙНИ ҲУКУМАТ ВА ЭЪТИРОЗГАРОН ИДОМА ДОРАД

Рӯзи 28 ноябр дар Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 25 ноябр ба ин сӯ беист шоҳиди эътирозҳост, музокироти байни намояндагони ҳукумат ва эътирозгарон оғоз ёфт. Ҷониби ҳукумат бар асоси талаби тазоҳургарон ду посгоҳ дар назди бемористони марказӣ ва як посгоҳи дигар дар назди бозорро, ки баъди шурӯъи эътирозҳо ташкил шуда, дар ин посгоҳҳо афроди мусаллаҳ ва мошинҳои зиреҳпӯш ҳам гузошта шуда буд, бардоштанд, вале 4 посгоҳ дар атрофи Хоруғ, ки аз соли 2018 боз амал мекунанд, ҳанӯз побарҷост. Эътирозгарон бардоштани он посгоҳҳоро ҳам талаб доранд.

Аз ҷониби ҳукумат дар музокирот бо эътирозгарон раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот, вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа, сардори РВКД вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов, вакили парлумон Азиз Гиёзода ва ҳамчунин намояндагони ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартибот дар ВМКБ  намояндагӣ мекунанд. Эътирозгарон низ як ҳайъати бузурги иборат аз беш аз 40 нафарро барои музокирот аз номи онҳо интихоб кардаанд.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, бисёре аз эътирозгарон ҳамчунон исрор меварзанд, ки раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов дар ин музокираҳо аз манфиатҳои онҳо намояндагӣ ва ҳимоят кунад. Буҳрони пурқурбонии соли 2012 дар Хоруғ маҳз бо миёнаравии намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба раҳбарии Ёдгор Файзов аз роҳи музокирот ҳаллу фасл шуда буд.

Ёдгор Файзов, ки аз соли 2018 раиси вилояти Бадахшон буд, вале рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ бо як фармони, мутаассифона, тавре ки талотуми баъдии ҳодисот ҳам нишон дод, носанҷида, ӯро бо генерал Алишер Мирзонабот иваз карданд.

Рӯзи 28 ноябр, дар пайи оғози музокирот майдони назди бинои ҳукумати вилоят назар ба рӯзҳои қаблӣ камодамтар шуд, вале як қисми эътирозгарон мегӯянд, то замони ба даст омадани натиҷа дар ин гуфтугӯҳо дар майдон мемонанд.

Музокироти ҳукумат бо намояндагони эътирозгарон ба маъноест, ки пойфишории ҷиноҳи “ястребҳо” ба ҳалли базӯрии буҳрони Хоруғ аз ҷониби роҳбарони аввали кишвар пазируфта нашуд ва акнун тарафдорони ҳалли сулҳомези ин масъала ташаббусро ба даст гирифтанд.

Ёдовар мешавем, эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр дар пайи кушта шудани ду сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби мақомот оғоз ёфт. Эътирозгарон ҷасадҳои кафанпеч дар даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ шуда, ҷасадҳоро дар рӯи минбар гузоштанд ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги Гулбиддин Зиёбеков ва Тӯтишо Амиршоевро талаб карданд. Дар рӯёрӯиҳои рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ байни эътирозгарон ва мақомоти қудратӣ боз як сокини Бадахшон кушта ва 16 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани се афсари КДАМ, як милиса ва як корманди прокуратура хабар доданд.

Шоми 26 ноябр мақомот ба эътирозгарон ду соат вақт доданд, ки майдонро холӣ кунанд ва 5 мил силоҳи автоматро, ки гӯё рӯзи 25 ноябр аз дасти кормандони мақомот кашида гирифтаанд, баргардонанд. Аммо эътирозгарон майдонро тарк накарданд ва гуфтанд, то замони иҷрои талабҳояшон ба эътирози худ давом хоҳанд дод.

Рӯзи 27 ноябр раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Алишер Мирзонабот, ки то ҳол аз мулоқот бо митингчиён сарпечӣ мекард, ба майдон омад ва аз эътирозгарон талаб кард, ки хона ба хона раванд.  Ин боиси хашми одамон шуд ва касе ба тарафи генерал ва ҳамроҳонаш санг партофт. Мақомот баъдан гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла депутати парлумон Азиз Гиёзода осеб дидааст. Дар посух аз бинои ҳукумати вилоят тир кушоданд. Прокуррори вилоят Парвиз Орифзода исрор меварзад, ки мақомот танҳо ба ҳаво тирҳои огоҳкунанда кушодаанд. Вале эътирозгарон мегӯянд, бар асари тирпарронӣ дастикам 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button