ВарзишВидео

ФУТБОЛБОЗИ “ХУҶАНД” ПАРВИЗ АЛИЗОДАРО БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ БУРДАНД

Инстаграм-канали goaltj, ки рӯйдодҳои футболи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Парвиз Ализода, нимҳимоятгари дастаи футболи “Хуҷанд” –ро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин авохир ин дастикам дуюмин мавриди ба хидмати ҳарбӣ бурдани ситораҳои варзиш дар шаҳри Хуҷанд аст. Рӯзи 10 ноябр, ҳамагӣ як рӯз қабл аз сафараш ба чемпионати самбои ҷаҳон ба Тошканд Бобохон Мирзозода, узви тими миллии гуштини самбои Тоҷикистонро тариқи “облава” маҷбурӣ ба артиш фиристода буданд.

Нисфи бозигарон ба Русия мераванд ба мардикорӣ/ нисфи онҳоро ба артиш мебаранд ва кӣ футбол бозӣ мекунад?  Ба фикри шумо, футболбозони касбӣ бояд хидмат кунанд ё на?” – навиштааст goaltj дар мавриди “облава” шудани Парвиз Ализода.

Парвиз Ализода (Алиев Парвиз Шавкатҷонович) 8 марти соли 1999 ба дунё омада, аз 1 январи соли 2018 дар ҳайъати “Хуҷанд” бозӣ мекунад ва то 31 декабри соли ҷорӣ бо  ин даста қарордод дошт.  Парвиз Ализода соли 2018 беҳтарин футболбози ҷавони вилояти Суғд эътироф шуда буд.

“Хуҷанд” дар чемпионати имсола бо 54 имтиёз ҷои дуюмро гирифт ва КМВА (ЦСКА), дастаи вазорати мудофиа бо 41 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дошта, метавонад соҳиби медалҳои биринҷии чемпионат шавад.

Бисёрии мухлисон дар “даъвати Парвиз Ализода ба артиш” дасти дастандаркорони дастаи вазорати мудофиаро мебинанд, ки ба хотири тақвияти ҳайъати он талош доранд футболбозони ояндадорро аз дастаҳои дигар ба “хидмати ҳарбӣ”, вале амалан барои “хидмати бепул” ба ҳайъати КМВА биоранд. Сомонаи transfermarkt арзиши Парвиз Ализодаро дар бозори футбол 100 ҳазор евро баровард кардааст, вале дар сурати даъваташ ба артиш ӯ маҷбур аст дар ҳайъати КМВА бепул бозӣ кунад.

Дар футболи ҷаҳонӣ таҷрибаи даъвати футболбозони машҳур ба хидмати ҳарбӣ вуҷуд дорад, вале ба сурати ангуштшумор. Барои мисол, футболи кореягӣ Сон Хён Мин, ки дар ҳайъати дастаи машҳури “Тотенҳем” дар Англия бозӣ мекард, соли гузашта собиқаи варзиширо як сӯ канор гузошта, барои адои хидмати ҳарбӣ ба ватанаш, Корея баргашт.

Дар даврони Шӯравӣ футболбозон аксаран аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод буданд ваё хидмати ҳарбиро дар ягон қисми ҳарбии наздик ба макони дастаашон танҳо дар рӯи қоғаз адо мекарданд. Вале дастаи ЦСКА (Маскав), ки аз вазорати мудофиаи СССР намояндагӣ мекард, футболбозони ояндадорро аз саросари кишвар тавассути комиссариатҳои ҳарбӣ бо баҳонаи “даъват ба артиш” дар ҳайъати худ ҷамъ меовард.

Аз ҷумла соли 1984, вақте  ки дастаи “Помир” (Душанбе) бори аввал шанси роҳ ёфтан ба лигаи олии футболи СССР-ро дошт, масъулони ЦСКА, ки “Помир” метавонист роҳхатти лигаи олиро аз дасти ин даста бигирад, чунин ташкил карданд, ки дар як шаб қариб ними футболбозони “Помир” –ро ба хидмати ҳарбӣ бурданд. Дар натиҷа он сол ЦСКА ба лигаи олӣ баромад ва “Помир” чанд соли дигар, то барқарор шудани тавоноии қаблиаш дар лигаи якум монд.

Бобохон Мирзозода

Паҳлуи дигари масъала, ки мухлисон таваҷҷуҳ карданд, ин кӯшиши маҳз аз ҳисоби варзишгарони шинохта пур кардани нақшаи даъват дар Хуҷанд аст. Ёдовар мешавем, паҳлавони 23-солаи зодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобохон Мирзозода, узви тими миллии гуштини самбои Тоҷикистонро, ки мебоист кишварро дар чемпионати ҷаҳон дар Тошканд намояндагӣ мекард, рӯзи 10 ноябр, як рӯз қабл аз сафараш ба чемпионати ҷаҳон аз манзилаш дар шаҳри Хуҷанд  “облава” карда, ба хидмати ҳарбӣ фиристоданд.

Мухлисон ин амали кормандони комиссариати ҳарбиро ҳамвазни хиёнат ба манфиатҳои кишвар маънидод карданд, чунки Бобохон Мирзозода моҳи июни соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё дар ҳамон Тошканд дар вазни то 58 кило дар мусобиқоти самбои размӣ унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда шанс дошт, ки дар чемпионати ҷаҳон низ барои Тоҷикистон медал биорад.

Вале кадом боақле аз комиссариати ҳарбӣ фикр кардааст, ки ин ҷаҳонпаҳлавон дар ягон қисми ҳарбӣ ба Ватан бештар хидмат мекунад, то дар чемпионати ҷаҳон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button