ВидеоҶомеа

ҲАБСИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ТАҲҚИРУ ОЗОРИ МОДАР

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Нозимов Тоҳир Содиқович, санаи таваллудаш 01. 01. 2001,  сокини маҳаллаи Теппаҳои Шарқии шаҳри Душанберо бар асоси моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, ин ҷавон барои таҳқиру озори модараш ҷазо дода шуд.

“Ҳурмату эҳтироми волидайн қарзи фарзандиву инсонии ҳар як нафар мебошад. Вале боиси таассуфи бузург аст, ки баъзе аз фарзандон ба қадри заҳматҳои падару модари хеш нарасида, бо амалу кирдори нописанди худ боиси озурдахотирии онҳо мешаванд”, –   гуфта мешавад дар иттилоияи расмии милитсияи Душанбе.

Аз бадрафтории Тоҳир Нозимов ба мақомоти милитсия модари худаш шикоят кардааст. Баъди боздошти ӯ, “зимни пурсиш ва пешбурди корҳои санҷишӣ муайян кардаанд, ки ин ҷавон чанд муддат боз бо модари худ муноқиша намуда, бо суханони дағалу амалу рафтори ноҷои худ боиси озори модар шуда, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.”

Мақомоти милитсия мегӯянд, ин сокини Теппаҳои шарқиро  бо мақсади пешгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳои вазнин ва ҳамчунин ба хотири  ҳамзамон ба роҳи рост ҳидоят намудани ӯ ба ҷавобгарӣ кашондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button