Рӯйдодҳои БадахшонСиёсатТоҷикистон

БАҲСИ БАЙНИ ҶАВОНОНИ “ДАВЛАТӢ” ВА ЗОДАГОНИ БАДАХШОН ДАР ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

Рӯзи 27 ноябр дар нади бинои дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе байни як гуруҳи ҷавонони тарафдори ҳукумат ва як гуруҳи ҷавонони зодаи Бадахшон баҳсу кашокаш шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ хабар дод, ки як гурӯҳ аз ҷавононе, ки шумораашон ба тақрибан 70-80 нафар мерасид ва зоҳиран “давлатӣ” буданд, рӯзи 27 ноябр дар  робита ба ҳаводиси Хоруғ дар назди дафтари Созмони Милал бо шиорҳое, чун “Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст” ва “Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд”  ҷамъ омаданд. Онҳо дар дар даст акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшонро низ доштанд.

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷавонон дари дафтари Созмони Милалро бо лагад мезаданд, аммо мақомоти интизомӣ ба ба ҷараёни ҳаводис дахолат намекарданд.

Гуфта мешавад, дар маҳалли ҳодиса чанд наворбардори касбӣ низ дида мешуд.

Дар ҳамин ҳангом як гуруҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо тазоҳургарон вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳои онҳоро гирифтаанд. Онҳо аз шеваи эътироз ва талабҳои, ба гуфтаашон, ноҷои тазоҳургарон норозӣ кардаанд.

“Дар ҳамин вақт маъмурони милиса омада, аз ду тараф тақрибан бист ҷавонро ба мошин бор карда бурданд. Эътирозгарони дигар зуд пароканда шуданд,” — нақл кардааст яке аз шоҳидон.

Аксҳо аз Радиои Озодист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button