ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МОШИНРО ФУРӮХТУ ПУЛАШРО НАДОД…

Сокини 36-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки 3 моҳ боз 120 ҳазор сомонӣ пули мошини «Инфинити»-и сокини Турсунзодаро бо вуҷуди фурӯхтани он барнамегардонад.

хххххххх

Ҷавони 21-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 21 ноябр аз дохили мошини “Мерседес” -и сокини Душанбе 4 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳолати қаллобӣ вобаста ба хариду фӯруши воситаи нақлиёт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён моҳи августи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо марди 43-солаи сокини шаҳри Турсунзода шинос шуда, ба боварии ӯ даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Инфинити»-ро ба маблағи 120 000-сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик маблағашро бармегардонад. Аммо номбурда, автомашинаи мазкурро фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Нисбати номбурда аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 24-солаи сокини ш.Душанбе ворид гардидааст, ки 21-уми ноябри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс” даромада, аз он ҷо 4000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button