Рӯйдодҳои БадахшонТоҷикистонҲуқуқи инсон

ТОБУТИ ЗИЁБЕКОВ ДАР РӮИ ДАСТ: МИТИНГ ДАР ХОРУҒ ДАР ПАЙИ МАРГИ МАРМУЗИ ЯК СОКИНИ БОЗДОШТШУДАИ ШОҲДАРА (ВИДЕО)

Рӯзи 25 ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он тобути сокини ҷамоати Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа Гулбуддин Зиёбеков дар рӯи даст аз кӯчаҳои шаҳр роҳпаймоӣ карда, ба назди бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирди ҳам омаданд. Онҳо аз мақомот талаб доранд, то ки гунаҳкорони марги Гулбуддин Зиёбеков ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар видеои кӯтоҳе, ки ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки эътирозгарон тобути Гулбуддин Зиёбековро дар назди бинои ҳукумати вилоят дар рӯи минбар гузоштаанд.

Сокинони норозии дар маркази Хоруғ гирдиҳамомада ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки чанд вақт пеш як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа, ки зодаи вилояти Хатлон будааст, ба як духтар аз Шоҳдара дил баста, чанд дафъа ба вай паёмҳои ошиқона фиристода, ҳамчунин дар роҳ чанд бор пеши роҳашро гирифта, изҳори ишқ кардааст. Духтар ба хешу табораш шикоят кардааст ва онҳо он корманди прокуратураро якҷоя латтукӯб кардаанд.

Он муноқиша бо миёнаравии раиси вақти вилоят Ёдгор Файзов бо роҳҳои мусолиматомез ҳал шуда буд ва он корманди прокуратураро ба ноҳияи дигар гузаронда буданд.

Аммо баъди барканори Ёдгор Файзов парвандаи латтукӯби корманди додситониро аз сар гирифта, ахиран ду сокини Шоҳдараро бо иттиҳоми латтукӯби намояндаи ҳокимият дастгир кардаанд. Яке аз онҳо ҳамин Гулбуддин Зиёбеков будааст, ки ба таври мармуз дар боздошт ҷон бохтааст.

Мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса феълан дастрас нест.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” идомаи қазияро пайгирӣ карда истодааст ва баробари расидани хабарҳои нав аз Хоруғ хонандагону тамошобинонашро дар ҷараён хоҳад гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button