ИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

СӮХТОР ДАР КОРХОНАИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ (3 АКС)

Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд нимашаби 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 оташ гирифта, бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. То ҳанӯз далели сӯхтор маълум нест. Дар ин бора “Азия Плюс”  бо нашри чанд акс аз маҳалли сӯхтор хабар дод.

Дар аксҳо дида мешаванд, ки аз биноҳои корхонаи забонаи оташ ба осмон баланд мешавад ва сӯхторнишонҳо  бо кумаки мардум талош доранд, то пеши роҳи оташро бигиранд.

Як манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, сӯхтор дар корхонаи пахтаи  ҶДММ “Музаффар КО” рӯй дода, “алангаи оташ хело калон аст”. Ӯ афзуд, бо расидани хабари сӯхтор ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд.

“Сӯхтор хело доман паҳн кардааст ва аз соати 3:00 субҳи имрӯз то соати 08:30 бо гузашти тахмин шаш соат ҳоло ҳам алангаи оташ хомӯш карда нашудааст. Ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест, вале тахмин меравад сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаи корхонаро фаро гирифта ва домони оташсӯзӣ дар ҳоли зиёдшавист. Дар ин корхона ба миқдори хело зиёд маҳсулоти тайёри пахта мавҷуд буд”, -гуфтааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс” аз раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд.

Манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ низ хабари сӯхтор дар корхонаи пахтаи ҶДММ “Музаффар КО”-ро тасдиқ карда, гуфтааст,  ин корхонаи коркарди пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев тааллуқ дошт. Вай афзуд, ки сӯхтор дар ҳоле рӯй дод, ки дар ин корхона ба маблағи беш аз 4 миллион доллар маҳсулоти тайёр ҷамъ шуда буд.

 “Аз рӯйи шуниди ман,  дар ин корхона 1400 тонна нахи пахта истеҳсолу дар захира буд, ки ҳар як нахи пахта тақрибан 3 ҳазор долар арзиш дошт. Ҳоло ҳам сӯхтор хомӯш нашудааст”,- гуфтааст корманди маъмурияти ноҳияи Мастчоҳ.

Феълан сабаби сӯхтор ва ҳаҷми дақиқи хисороташ дар ин корхонаи пахтатозакунӣ маълум нест.

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз бузургтарин ноҳияҳои пахтакори нафақат вилояти Суғд, балки ҳамаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даврони Шӯравӣ ин ноҳия солона ба давлат беш аз 50 ҳазор тонна пахта месупурд.

Аксҳо аз “Азия Плюс”:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button