ВидеоДунёМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

ТОҶИКИСТОНРО БА НИШАСТИ РОҲБАРОНИ КИШВАРҲОИ ДЕМОКРАТӢ ДАЪВАТ НАКАРДАНД

Депарменти давлатии Амрико рӯйхатти 110 кишвареро нашр кард, ки роҳбаронаш ба “нишасти сарони кишварҳои демократӣ” даъват шудаанд. Ин нишаст, ки бори аввал бо ташаббуси раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст, қарор аст, рӯзҳои 9-10 декабри соли ҷорӣ, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон дар Кохи Сафед дар режими онлайн доир мешавад.

Аз байни кишварҳои собиқ СССР ба ин нишаст Украина, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Литва, Латвия ва Эстония даъват шудаанд. Вале Вашингтон ба ин ҳамоиш Русия, Беларус, Озарбойҷон ва ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон а ҳатто Қирғизистонро, ки “ҷазираи демократия” дар ин минтақа номбар мешуд, даъват накардааст.

Дар байни кишварҳое , ки барои иштирок дар нишасти Вашингтон даъват нагирифтанд,  ҳамчунин Хитой ва Туркия ҳам ҳастанд. Аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо танҳо Венгрия (Маҷористон), ки ҳукумати миллатгарояшро ба ақиб рафтан аз арзишҳои демократӣ айбдор мекунанд, ба нишасти демократия даъват нашудааст.

Моҳи август эълом шуда буд, ки Ҷо Байден рӯзҳои 9-10 декабр нишасти раҳбарони кишварҳои демократии дунёро баргузор мекунад. Кохи Сафед гуфт,  ин нишаст “ташаббусҳо ва тааҳҳудот дар се мавзӯи асосиро баррасӣ ва ташвиқ мекунад: дифоъ аз худкомагӣ, мубориза бо коррупсия ва мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи инсон”.

Баргузории ин нишаст талош барои иҷрои ваъдаи Байден аст, ки гуфта буд, шимоят аз ҳуқуқ ва озодиҳои демократиро дар руъуси сиёсати хориҷии Амрико қарор хоҳад дод.

Ба нишаст ҳамчунин намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ низ даъват карда мешаванд. Байден азм дорад, як сол баъд нишасти дуюми роҳбарони кишварҳои демократиро баргузор карда, дар он бо иттифоқи сарони кишварҳо аз пешрафтҳои бадастомада натиҷагирӣ ва роҳҳои пешрафтҳои баъдиро муайян кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button