ВидеоМуҳоҷирон

ҚАТЛИ БОБОМУРОД КӮГАНОВ ВА ЗАХМӢ ШУДАНИ ДОДАРАШ ИНЪОМҶОН ДАР ЗАНОЗАНӢ ДАР МАСКАВ

Нашрияҳои русии «МК» ва «Мосмонитор» хабар доданд, ки дар Маскав байн  муҳоҷирон боз як занозании маргбон рӯ  й додааст. Гуфт мешавад, занозанӣ соати сеюними шаби 23 ноябр дар назди як ошхона дар кӯчаи Люблинская, бинои № 92, корпуси 2  дар ҳавзаи маъмурии Ҷанубу шарқӣ (ЮВАО) сурат гирифтааст.

Дар ин суроға дар рӯбарӯи ҳипермаркети «Ашан» «Чайхана №1», як тарабхонаи машҳури ғизоҳои миллии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст, вале дар хабарҳо мушаххас накардаанд, ки оё занозанӣ дар назди ҳамин тарабхона сурат гирифтааст ё дар назди ягон муассисаи дигар?

Сабаби занозанӣ ҳам гуфта нашудааст, вале бино ба иттилои «МК», дар пайи муноқиша як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон бо номи Инъомҷон Кӯгановро бо захмҳои корд аз ноҳияи даст ва китфаш дар бемористон бистарӣ кардаанд. “МК” акси Кӯгановро ҳам нашр карда, хабар дод, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни занозанӣ як нафар кушта шудааст. «МК» хабар дод, ки шахсияти марди кушташударо муайян карда истодаанд. Вале бино ба иттилои манбаи «Мосмонитор», кушташуда бародари калонии Инъомҷон Кӯганов будааст. Баъдан чанд расонаи русӣ хабар доданд, ки муҳоҷири кушташуда Бобомурод Кӯганов ном дорад.

Ба пулис то ҳол муяссар нашудааст, ки нафарони гумонбар дар қатли ин муҳоҷирро пайдо ва дастгир кунанд. Тафсилоти дигари занозанӣ дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ва сабаби ба ҷони якдигар дарафтодани муҳоҷирон маълум нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун хабарҳо дар бораи занозанӣ бо иштироки шаҳрвандони ин кишвар ва ҳалокати яке аз онҳоро расман шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавам, дар пайи як силсила занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон, ки тобистони соли ҷорӣ дар чанд шаҳри Русия сурат гирифтанд, мақомоти Русия ҳушдор доданд, ки минбаъд муҳоҷиронеро, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд ва аз ҷумла дар муноқишаҳои гуруҳӣ иштирок мекунанд, аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button