ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ АВТОБУСРО БАРОИ ДАҒАЛӢ АЗ КОР РОНДАНД

 Шоми 18 ноябр як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе  тавассути Фейсбук аз мақомот хост, нисбати ронандаи автобуси рақамаш 8705ТТ05, ки дар хатсайри №8 фаъолияти мусофир мекашонд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои ӯ, ронандаи автобус бар хилофи талабот, барои бо пули нақд насупоридани маблағи роҳкиро ва истифодаи корти нақлиётӣ аз ҷониби як духтари ноболиғ ба ғазаб омада, бар хилофи маданияти ронандагӣ бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, оромии дигар мусофиронро халалдор ва рафтори зиддиҳуқуқӣ содир намудааст.
  Муроҷиати мазкур боиси вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифт ва кормандони милитсияи Душанбе ин ронандаро муайян ва ба мақомот дастрас карданд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе дар шарҳи ин ҳодиса навишт: “Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Назаров Бахтиёр Алишерович санаи таваллудаш 11.11.1977, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Махсум-125, ронандаи ККВД «Автобус-1» мебошад. Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.”

Вобаста ба ин ҳодиса нисбат ба Назаров Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб доданд ва додгоҳ ӯро ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,баробар ба 420-сомонӣ ҷарима бастааст.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, илова бар ин, Назаров барои ин кирдори содирнамудааш шурӯъ аз 19 ноябр аз ҳаққи фаъолият дар нақлиёти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи муроҷиати мазкур ҷиҳати аз байн бурдани рафтори дағалонаи ронандагон бо мусофирон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо ронандагону кормандони ККВД «Автобус-1» корҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button