ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ПИСАРИ КАРОМАТ ШАРИПОВ БА КУМАКИ 18 МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА АРХАНГЕЛСК РАФТААСТ (ВИДЕО)

Шаҳоб Шарипов, писари ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик равоншод Каромат Шарипов, рӯзи 14 ноябр барои кумак ба 18 муҳоҷири тоҷик ба Архангелск рафта, бо онҳо вохӯрдааст.

Дар навори наве, ки ин муҳоҷирон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, ин муҳоҷирон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев ва Хоҷамастон), ки дар канори Шаҳоб Шарипов истодаанд, мегӯянд,  Собир ва Далер Шарипов аз шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ки онҳоро  фиреб дода, барои кор оварданд ва пулашонро надоданд, бар хилофи ваъдаашон соати 12 ба мулоқот ё “разбор” наомаданд. Қарор буд, ки ин корфармоён дар ҳузури Шаҳоб Шарипов бо он 18 муҳоҷир ҳисобу китоб кунанд ва маълум шавад, ки кӣ аз кӣ қарздор аст?

Муҳоҷирон мегӯянд, онҳо аз бепулӣ маҷбур шудаанд, ки аз қуттиҳои партов барои худ хӯрокӣ ва либосу пойафзол биҷӯянд. “Ҳоли моро ҳама медид дар инҷо. Ва вақте 25 рӯзи охир касе моро суроғ накарду мо се рӯз ягон чиз барои хӯрдан наёфтем, гурехтем аз онҷо”, нақл кард дар видео яке аз муҳоҷирон.

Шаҳоб Шарипов ба онҳо гуфт, ин қазияро ҳатман сафорати Тоҷикистон таҳти назорати худ мегиред. “Аз ин натарсед, гапатонро гӯед ба намояндагони сафорат, ҳаққатонро талаб кунед. Ҳақ ба ҷониби шумост”, машварат дод писари Каромат Шарипов ба муҳоҷирон.

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки баробари пардохтан ба ин масъала аз Душанбе ба вай занг зада, ба қавле, “разбор” кардаанд. Корфармоён иддао кардаанд, ки гӯё ин 18 муҳоҷир нақшаи корро иҷро накардаанд. Вале муҳоҷирон мегӯянд, сабаби иҷро нашудани нақша онҳо нестанд, ширкати корфармо худаш натавонист сохтмонро сари вақт бо масолеҳ таъмин кунад.

Як гуруҳи муҳоҷирони тоҷик, иборат аз 18 нафар як рӯз қабл бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки онҳоро ҳанӯз рӯзи 3 июл бо ваъдаи 40 ҳазор рубл маош  аз Тоҷикистон ба Русия, ба шаҳри Архангелск овардаанд ва онҳо 4 моҳ дар як сохтмони  марбут ба ширкати “ПрогрессСтрой” дар кӯчаи Полина Осипенко, бинои №6 бепул кор карданд.

Дар 4 моҳ ба 18 муҳоҷири тоҷик ҳамагӣ 120 ҳазор рубл додаанд ва ахиран гуфтаанд, ки онҳо то ҳол 1 миллиону 912 ҳазор рубл қарздоранд.

Дар видео, ки рӯзи 26 октябр сабт шудааст, коргарони тоҷик дида мешаванд, ки бо вуҷуди заминро пӯшондани қабати ғафси барф (Архангелск дар шимоли Русия ҷойгир шудааст) дар тан либоси тунук кор карда истодаанд. Гӯяндаи навор мегӯяд, ба онҳо дар ин 4 моҳи корашон нафақат маоши ваъдагиро надоданд, балки ҳоло боз 1 миллиону 912 ҳазор рубл қарздорашон кардаанд.

Яке аз ин муҳоҷирони фиребхӯрда дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, тибқи тавофуқ онҳоро бо ҷои хобу хӯроки бепул бояд таъмин мекарданд ва ҳар моҳ 40 ҳазор рубл маош медоданд. Ӯ афзуд: “Вале дар ин 4 моҳ мо, 18 нафар, дар маҷмӯъ ҳамагӣ 120 ҳазор рубл пул гирифтем, ки ба ҳисоби миёна сари ҳар кадомамон 7 ҳазор рубл ҳам намешавад.  Ба болои ин, як нафар бо номи Собир худро роҳбари диаспораи тоҷикони Архангелск муаррифӣ карда, гуфт, ки гӯё мо баъди 4 моҳи кори бепуламон боз аз вайҳо барои патенту хӯрду хӯроку ҷои хобу дигару дигараш 1 миллиону 912 ҳазор рубл қарздор шудаем. Мо маҷбур шудем, ки аз онҷо гурезем. Вале онҳо ба мо таҳдид карда истодаанд. Ахиран як нафар аз Тоҷикистон зангамон зад ва таҳдид кард, ки ягон видео накунед, ки масъалаатон безеб мешавад…”

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ин 4 моҳро дар чунин шароити ғуломӣ чӣ гуна паси сар карданд, фақат худашон медонанду Худо: “Гоҳе вақт шуд, ки гурусна ҳам хоб рафтем, касе намонд, ки қарз накарда бошем. Собиру Далерро пурсидем, ки о мо 4 моҳ кор кардем, пуламон куҷост? Мегӯянд, 1 миллиону 912 ҳазори дигар бояд бидиҳед, баъд қарзи билету патенту ҷои хобу хӯрокатон буд мешавад. Ин агар ғуломӣ нест, пас чист?”

Ин муҳоҷирони тоҷик аз сафорати Тоҷикистон дар Русия, намояндагонии муҳоҷирати Тоҷикистон ва раҳбарони созмонҳои тоҷикони Русия хоҳишу илтиҷо доранд, ки онҳоро аз банди ғуломӣ ва таъқиби Собиру Далер наҷот диҳанд.

Баъди фирори мардикорони тоҷик, Собиру Далер телефонҳояшонро куштаанд ва ба идораи “Бомдод” муяссар нашуд, ки бо онҳо тамос бигирад ва фикрашонро дар бораи ин моҷаро пурсад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ман писари Азизов Точиддин мебошам ман ба худо касам холи падарамро якум бор дидам ки дар ин хол гирифтор шудааст.ин кадар фирб хурд дар дасти машеникхо мргхо кидачико зад дар ин хол гирифтор шуд.падари ман соиб 9 фарзанд аст ман бачаи калониаш хастам Фахрииддин ман аз шумо хохиш мекунам шахоб шарипов ки номерои падари ман як хафта шидай кор накардестай ягон номер дихед ки бо падрам гап занам илтимос модарам дар холати бенихояд бад карор аст бемораст бо падарам гапе дорам илтимос.номрои имои ман502121273

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button