АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

20 КУШТАЮ ЗАХМӢ: БУЗУРГТАРИН ТАЛАФОТИ ТОЛИБОН ДАР ПАНҶШЕР

Дар пайи як даргирӣ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва толибон дар дараи Панҷшер ҳудуди 20 толиб куштаву захмӣ шудаанд Манбаъи хабаргузории русии Sputnik Тоҷикистон аз қавли як толибе, ки аз ин даргирӣ ҷон ба саломат бурдааст, мегӯяд, даргирӣ дар канори деҳаи Оноваи вулусволии ҳамном ба вуқуъ пайваста, нерӯҳои муқовимат дар як ҳамлаи ғофилгирона корвони  мошинҳои ҷангиёни Толибонро ба муҳосира гирифтаанд.

“Ҳамаи кушташудаҳо вз вилояти Кундуз буданд. Иддае, туркман ва иддае паштун. Туркманҳо умдатан аз вулусволии Чаҳордараву Қалъаи Зол ва паштунҳо аз рустоҳои Софикуту Асқалони вулусволии Гӯртеппа ва аз маркази Кундуз буданд”, – гуфтааст манбаи “Спутник.

Бино ба иттилои ӯ, дар ин даргирӣ 8 туркман ва 10 паштун кушта шуда, 2 туркмани дигар ҳам ба асорат афтодаанд. Ин бузургтарин талафоти Толибон дар дараи Панҷшер аз замони вурудашон ба ин минтақа дар аввали моҳи сентбяр гуфта мешавад.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин дар бораи задухӯрдҳо дар се минтақаи Панҷшер – рустоҳои Гулзангари дараи Ҳисораки вулусволии Руха, Онобаи вулусволии Оноба ва Сангунаи вулусволии Бозорак хабар додааст. Аммо дар бораи талафоти ҷонибҳо дар ин даргириҳо маълумоти мушаххасе дар даст нест.

“Фақат маълум аст, ки нерӯҳои мо талафоте надоштанд ва дар Оноба як тонки “Ҳомвей” – и толибон тахриб шуда, 7 сарнишинаш кушта шудаанд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Вай ҳамчунин аз аввалин даргириҳо дар вулусволии Хусти Фиринги вилояти Бағлон низ хабар дод, ки дар пайи даргириҳо дар онҷо, бино ба маълумоти ин манбаъ,  як толиб кушта шуда ва Толибон бо ирсоли нирӯи иловагӣ аз Кобул ба ин вулусволӣ ба кофтукови хонаҳо пардохтаанд.

Толибон ин хабарҳоро то ҳол шарҳ надодааст. Тасдиқи дурустии хабари задухӯрдҳои ахир байни Толибон ва нирӯҳои Масъуд тавассути манобеи дигар ғайримумкин ба назар мерасад.

Ҳаракати тундрави Толибон дар нимаи аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро ишғол кард.

Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, барои мубориза бо режими нави Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод, ки нирӯҳояш дар ҳоли ҳозир  асосан дар дараи Панҷшер, минтақаи Андаробҳо – вулусволиҳои Бану, Деҳсалоҳ ва Пули Ҳисор, ҳамчунин дар вулусволии Хусту Фиринги вилояти бо Панҷшер ҳаммарзи Бағлон ба зидди ҷангҷӯёни Толибон меҷанганд. Ин ҳама манотиқи кӯҳистонӣ ва саъбулубур (душворгузар) мебошанд.

Ахиран нирӯҳои Масъуд видеои аз байн бурдани як тонки Толибонро дар Панҷшер нашр карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button