ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

СБЕРБАНК МЕНЕҶЕРҲОИ ДОНАНДАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКӢ ВА ҚИРҒИЗИРО БА КОР МЕГИРАД

Сбербанк (Сбер), бузургтарин бонки Русия ва собиқ СССР, ба кор гирифтани коргаронеро, ки  забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизиро бидонанд, идома медиҳад. Ин бонк моҳи  октябр эълон дод, мушовир (консултант)-ҳоеро ба кор мегирад, ки ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар сатҳи В2 балад бошанд, яъне ба ин забонҳо роҳат суҳбат карда тавонанд. Рӯзи 8 ноябр  бошад Сбербанк эълони наверо нашр кард ва гуфт, ба мақоми менеҷер барои кор бо муштариён (клиентский менеджер) коргаронеро меҷӯяд, низ ҳамон се забони асосии муҳоҷирон: тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизиро дар сатҳи В2 бидонанд. Вале агар маоши мушовир 67 ҳазор (то ҳисоби андозҳо) эълон шуда буд, маоши менеҷер 10 ҳазор рубл бештар: 77 ҳазор рубл эълон шудааст.

Барои мақоми менеҷер низ талабҳо чандон сахт нест: Таҷрибаи кор ва маълумоти болотар аз маълумоти миёна талаб карда намешавад. Аз довталабон танҳо хоста мешавад, ки кушодачеҳра бошанд, бо ҳама забон ёфта тавонанд ва аз субҳ то шом сари по истода, бо планшету смартфон кор карда тавонанд.

Вазифаҳои менеҷер чунин ба қалам дода шудааст: “Менеҷер барои кор бо муштариён  мутахассисест, ки маҳсулоти Сберро дар шуъбаи бонк тавассути планшет ва терминалҳои худхидматрасонӣ мефурӯшад. Ин кор барои онҳоест, ки ҳанӯз таҷриба надоранд, вале азму ғайрат ва хоҳиши рушд дар масъалаи фурӯши маҳсулотро доранд.”

Маоши   ин мушовирон пеш аз андоз 77 ҳазор рубл буда, Сбербанк ҳамчунин ба онҳо қарордоди расмӣ, мукофот, рушди карйера, суғуртаи тиббии ДМС, ки хидматрасонии духтурони дандон дар беҳтарин бемористонҳои Маскавро дар бар бигирад,  низ ваъда додааст. Кормандон ҳамчунин метавонанд тавассути вебинару тренингҳо ва таҳсил дар Донишгоҳи корпоративии Сбер маълумоти худро такмил диҳанд, ҳангоми таваллуди кӯдак ва дар вазъияти мушкили зиндагӣ аз ин корхона кумаки молиявӣ дарёфт кунанд, ба қарзу барномаҳои боимтиёзи нафақа дастрасӣ пайдо кунанд.

Барои супоридани ҳуҷҷатҳояшон ба довталабон лозим аст, ки худро дар сомонаи https://hh.ru/  дар суроғаи: https://hh.ru/vacancy/43635983  сабти ном кунанд.

Сбербанк қаблан барои ҷалби муштариён аз байни муҳоҷирони корӣ таблиғоти худро низ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда буд. Ба мақомҳои мушовир ва инак менеҷер ба кор гирифтани коргароне, ки ин забонҳоро бидонанд, зоҳиран баёнгари талошҳои нави ин бонки бузург барои таҳкими ҷои пояш дар байни муҳоҷирони кориест, ки ҳар сол аз Осиёи Марказӣ барои мардикорӣ ба Русия меоянд.

Ба ҳисоби ВКД Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2021 3,4 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон, 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ва 751 ҳазор аз Қирғизистон, дар маҷмӯъ беш аз 6 миллион нафар танҳо аз ин се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ худро дар идораҳои муҳоҷирати Русия сабти ном кардаанд. Беш аз 5,2 миллион нафари онҳо дар санадҳои худ зикр кардаанд, ки ба Русия на барои тамошо ё истироҳат, балки ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Ба эълони қаблии Сбербанк барои ҷустуҷӯи коргарони донандаи забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ  «Комсомольская правда» таваҷҷуҳ карда буд. Ҳамсуҳбатони нашрия  изҳори итминон кардаанд, ки ин эълон дар байни муҳоҷирон довталабони зиёде пайдо хоҳад кард.

 “Албатта, барои муҳоҷирон кор кардан дар як ширкати бузург ва нишастан дар офис роҳаттар аст, чунки ширкатҳои бузург маъмулан қонуни корро риоя мекунанд. Вале ин муҳоҷиронро аз тиҷорати хурду миёна канда мекунад”, – гуфтааст ба «КП» ноиби собиқи президенти «Сбербанк России» оид ба рушди тиҷорати хурд Сергей Борисов.

Васили Солодков, мудри Пажушишгоҳи банк дар Мактаби олии иқтисодӣ мегӯяд, истихдоми кормандони ба забонҳои муҳоҷирон балад ягон ҷои ҳайрат надорад: “Муҳоҷироне, ки аз Осиёи Марказӣ меоянд, русиро хуб намедонанд, кормандони бонкҳои Русия бошад ӯзбекӣ ё қирғизиро тамоман намедонанд ва аз ин рӯ, касе ба муштариёни эҳтимолӣ фаҳмонда наметавонист, ки чӣ гуна аз ин ё он маҳсулоти бонк истифода баранд. Акнун метавонанд.”

Ба ақидаи ӯ, як арсаи асосии кор барои ин мушовирон ба муҳоҷирон фаҳмондани имкониятҳои ирсоли пул ба зодгоҳашон тавассути Сбербанк аст. Ин дар воқеъ як бозори бузург аст: Соли 2020 аз Русия ба кишварҳои СНГ 11 миллиард доллар фиристодаанд ва аз ин маблағ 8 миллионаш ба Ӯзбекистону Тоҷикистону Қирғизистон, се кишвари содиркунандаи асосии нирӯи корӣ аз Осиёи Марказӣ ба бозори кори Русия “рафтааст”.

 «Сбер мехоҳад ҳамин арсаро ба дасти худ бигирад» – хулоса кардааст Солодков. Ба ақидаи ӯ, ба дунболи Сбер бонкҳои дигари Русия низ талош хоҳанд кард, то кормандонеро ба кор бигиранд, ки бо муҳоҷирон бо забони худашон озоду роҳат суҳбат карда тавонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button