ВарзишВидео

ХУШХАБАР! ДУ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАТИ САМБОИ ҶАҲОН РОҲ ЁФТАНД

Рӯзи 12 ноябр дар варзишгоҳи “Юнусобод” дар шаҳри Тошканд чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо оғоз ёфт. Ва алакай дар рӯзи аввали ин мусобиқот ду паҳлавони тоҷик: Хушқадам Хусравов  дар вазни то 64 кило ва Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило рақибони худро шикаст дода, ба марҳалаи ниҳоӣ, яъне финал роҳ ёфтанд.

Акмалиддин Каримов дар даври ниманиҳоӣ паҳлавони қазоқ Булатбек Раимқуловро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, роҳии марҳилаи ниҳоӣ (финал) шуд. Дар финал ӯ  бо ҳарифаш аз Русия- Хертек Саян вориди рақобат мешавад.

Хушқадам Хусравов, ки соли 2018 алакай як дафъа унвони қаҳрамони самбои ҷаҳонро ба даст оварда буд, ҳоло метавонад бори дуюм унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб шавад.  Ҳарифи ӯ дар финал паҳлавони қазоқ- Ҷононият Роҳат аст.

Лозим ба ёдоварист, ки  ҳам Акмалиддин Каримов ва ҳам Хушқадам Хусравов  ҳарду шогирдони ҷаҳонпаҳлавон Ҳоҷӣ Маҳмадшариф Сулаймонов мебошанд.

Тоҷикистонро дар чемпионати самбои ҷаҳон дар Тошканд 14 варзишгар, аз ҷумла як бону (Шоҳида Қаландарова) намояндагӣ мекунанд.  8 нафари онҳо дар мусобиқоти самбои варзишӣ ва 6 нафар дар самбои размӣ барои дарёфти медалҳо рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов

Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button