ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ИСФАРА МАРДИ СОЛХӮРДА ЯК ЗАНИ 53-СОЛАРО КОРД ЗАДААСТ

Марди 64-сола аз ҷамоати Хонаободи шаҳри Исфара о ба он гумонбар мешавад, ки 10 ноябр, соати 17:30 дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Исфара бо зани 53-сола аз Хонаобод ҷанҷол карда, ба қафаси синааш як корд задааст.

ххххххххххххххх

Як кӯдаки шашсола рӯзи 11 ноябр, соати 10 дар ҳудуди ҷамоати Даштигулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ зери чархи мошини “Мерседес” ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ намудани зани 53-сола дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 64-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонаободи шаҳри Исфара оғоз карда шуд.
Номбурда, 10-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Л.Шералии шаҳри мазкур бо зани 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хонаобод ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагарди хурдсол зери чархи “Мерседес Бенс”

Рӯзи 11-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, Мирзозода Толиб Умаралӣ, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Восеъ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштигулҳои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ансори Нурулло, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Даштигулҳоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ансори Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза мардони 28 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат намудаанд, ки моҳи июни соли 2021 дар кӯчаи С.Айнии пойтахт марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо 4 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба онҳо шаҳрвандии Федератсияи Россияро гирифта медиҳад, аммо то ҳол онҳоро фиреб дода, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2018, зани 44-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button