ВарзишВидео

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР БОКУ САЗОВОРИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД (ВИДЕО)

Паҳлавони 24-солаи тоҷик Темур Раҳимов  дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии гуштини дзюдо “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон дар вазни беш аз 100 кило сазовори ҷои дуюм ва 3000 евро ҷоиза шуд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 6 гуштингир намояндагӣ мекарданд, вале аз байни онҳо танҳо ба Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медал шавад.

Дар мусобиқоти Боку паҳлавони зодаи Тоҷикистон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило соҳиби медали тилло ва 5 ҳазор евро ҷоиза шуд. Вале ин писарамаки Сомон Маҳмадбеков, дар Иркутск зиндагӣ ва машқ мекунад ва ба фарқ аз Сомон, ки узви тими милии Тоҷикистон аст, Маҳмадбек дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

Темур Раҳимов дар Боку бар рақибонаш аз Бразилия ва Олмон ғалаба кард, вале дар рақобати ниҳоӣ барои медали тиллоӣ аз Татсуру Саито, ситораи ҷавони гуштини дзюдо аз Япония, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, шикаст хӯрд.

Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ менависад, ин медали нуқра аввалин медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти пурнуфузи силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” ба шумор меравад. Ҳамин тавр, Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали нуқраи мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” гардид.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонови 22-сола дар  Боку дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Вале 4 намояндаи дигари Тоҷикистон – Ҳақназар Назаров (-81 кг), Хушвахт Идиев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90 кг) – алакай дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button