Номаҳо ба президентҲуқуқи инсонҶомеа

БАРКАНОРИИ ҶИЯНИ ШЕРХОН САЛИМЗОДА БАРОИ ҚАТЪИ ПАРВАНДАИ МАДИНА

Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарори афви як гумонбар дар парвандаи ҷанҷолӣ марбут ба Мадина Мамадҷоноваро имзо карда буд, аз мақомаш барканор карда шудааст. Ин алакай дуюмин раҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синост, ки дар робита ба “қазияи Мадина” тарки вазифа мекунанд. Рӯзи 2 ноябр Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино низ аз вазифа барои ҳамин қазия озод карда шуд.

Сӯҳроб Салимзода бародарзодаи Шерхон Салимзода, як узви дар гузашта пурнуфузи ҳукумат аст, ки дар мақомҳои баланди додситони кул, раиси Агентии мубориза бо коррупсия, раиси Агентии зидди маводи мухаддир ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба кор кардааст.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, се манбаъи боварбахшаш ба шарти зикр нашудани номашон гуфтаанд, сабаби барканории ҳам Салимзода ва ҳам Исмоилзода “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” будааст.

Сӯҳроб Салимзода бар асоси қонуни афв моҳи сентябри соли равон тафтиши парвандаи Азиза Давлатоваро, ки дар қасди куштори Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад, қатъ карда буд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо ӯ натиҷа надоданд, вале дар Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтаанд, ки рӯзи ҷумъа охирин рӯзи кории Сӯҳроб Салимзода буд ва ӯ дигар корманди ин идора нест.

Яке аз дӯстони Салимзода, ки дар як сохтори ҳукуматӣ кор мекунад, бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки “бояд дигар нафар аз кор мерафт, вале ӯро аз кор ҷавоб доданд.” Ӯ гуфтааст, дастури қатъи парвандаи Азиза Давлатова, ки бо гумони расонидани “зарари вазнин ба саломатӣ” тафтиш мешуд, ба салоҳияти Салимзода намедаромад ва набояд ӯ ин қарорро имзо мекард.

“Ин супориш аз боло шуд буд. Қарорҳои афвро муовини дуюм имзо мекард, лекин дар ҳамин парванда ӯро гуфтанд, ки имзо гузорад. Сӯҳроб бисёр муфаттиши хуб ва ҷавони босавод аст”,–гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Дар пайи дахолати Рустами Эмомалӣ, мақомот рӯзи 1 ноябр Азиза Давлатоваро бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ  ва шавҳари ӯ, корманди ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, Лутфулло (Парвиз) Давлатовро бо иттиҳоми “азобу уқубат” дастгир карданд.

Рӯзи 2 ноябр ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат низ баррасӣ шудааст ва президент Эмомалӣ Раҳмон талаб кардааст, то мансабдороне, ки даст ба коррупсия зада, ин парвандаро дар пушти афв пӯшонданӣ шуданд, аз кор ронда шаванд. Тасмими барканории Зафар Исмоилзода ва Сӯҳроб Салимзода баъди ҳамин талаби Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд, вале ҳоло рӯшан нест, ки тасмимгириҳои кадрӣ дар робита ба қазияи Мадина бо ҳамин анҷом ёфт ё ҳанӯз идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button