Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

САРДОРИ МИЛИСАИ СИНО-2-РО БАРОИ ПӮШОНДАНИ ПАРВАНДАИ МАДИНА БАРКАНОР КАРДААНД

Cардори шуъбаи корҳои дохилии №2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зафар Исмоилзода дар робита ба қазияи Мадина Мамадҷонова аз мақом барканор шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли “се манбаи боварибахш дар ҳукумат ва мақомоти тафтишотӣ” хабар дод. Ба гуфтаи ин манобеъ, додситонии кулли Тоҷикистон аъмоли Зафар Исмоилзодаро месанҷад.

Худи ӯ ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надодааст. Дар ШВКД‑2 ноҳияи Сино тасдиқ кардаанд, ки ӯ дигар сардор нест, вале аз шарҳи барканориаш худдорӣ карданд. Рӯзи 5 ноябр ба ҷои Зафар Исмоилзода Илҳом Ҷабборзода сардори ШВКД №2 ноҳияи Сино таъин шуд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, “қазияи Мадина” дар машварати кории ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 2‑юми ноябр баррасӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, “Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот сахт танқид кард”.

Исмоилзода, ки шоми 2‑юми ноябр пас аз анҷоми машварати кории аъзои ҳукумат аз мақом барканор шудааст, бо чанд зердасташ ва як корманди Додситонии ноҳияи Сино дар робита ба “тақаллубкории парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова” гумонбар мешаванд.

Зафар Исмоилзода

Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Мақомот 1‑уми ноябр Азиза Давлатоваро бо иттиҳоми сӯиқасд ба одамкушӣ  ва шавҳари ӯ, корманди ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, Лутфулло (Парвиз) Давлатовро бо иттиҳоми “азобу уқубат” дастгир карданд.

Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд. Маълум шудааст, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳоло сардори милисаи ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ба он гумонбар мешавад, ки парвандаро дуруст таҳқиқ накардааст. “Нисбат ба ӯ ва корманди додситонии ноҳияи Сино, ки зери афви Азиза Давлатова имзо гузоштааст, тафтиш ҷараён дорад. Ҳанӯз корманди додситонӣ дар вазифааш кор мекунад ва маълум нест, нисбат ба ӯ чӣ қарор содир мешавад”, ‑‑ гуфтаанд ҳамсуҳбатони ин нашрия.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 5 ноябр сардорони нави милисаи ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон, Мурғоб, Ҳамадонӣ, Ёвон, А.Ҷомӣ, Сино-2, ҳамчунин сардори милисаи истгоҳи роҳи оҳани Душанбе ва сардори раёсати тафтишотии ВКД  таъйин карда шуданд:

– полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ;

– полковники милитсия Ҷабборзода Илҳом Саттор ба вазифаи сардори ШВКД №2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

– полковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноатшо ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ёвон;

– полковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Мурғоби ВМКБ;

– подполковники милитсия Ҳамидзода Умед Шарифхон ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Рӯшони ВМКБ;

– подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвалӣ Турахон ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон;

– подполковники милитсия Ғаффорзода Абдурауф Абдуҷаббор ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон;

– майори милитсия Пирмуҳаммадзода Ғолиб Пирмуҳаммад ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе;

– майори милитсия Икромзода Саидҷаъфар Музаффар ба вазифаи сардори ШВКД ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button