АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РУСИЯ АЗ АҲМАДИ МАСЪУД ХОСТ, КИ АЗ ҶАНГ БО ТОЛИБОН ДАСТ КАШИДА, РОҲИ СУЛҲУ ОШТИРО БИҶӮЯД (ВИДЕО)

Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 3 ноябр дар нишасти хабариаш аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон даъват кард, ки аз барангехтани низои нав дар Афғонистон худдорӣ карда, роҳҳоеро биҷӯяд, ки ба сӯи мусолиҳа ва сулҳу субот дар он кишвари ҷангзада ва минтақаи атрофи он мебаранд.

Захарова дар аввал ҳамлаҳои ахири террористии ДОИШ дар бемористони Кобулро, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт, маҳкум кард. Ӯ ҳамчунин ҷунбиши тундрави дар Русия мамнӯи Толибонро ба гунаи дипломатӣ “ҳукумати муваққати Афғонистон” ном бурда, аз он барои “талошҳояш ҷиҳати таъмини амният ва  ба роҳ мондани зиндагии осоишта” тавсиф кард. Намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар ин иртибот аз ҷумла аз таслим шудани 60 ҷангҷӯи ДОИШ ба Толибон дар вилояти Нангарҳор,  таъйини президенти Академияи илмҳои Афғонистон мисол овард.

 “Талошҳои рӯидастгирифтаи ҳукумати муваққати Афғонистон  барои таъмини амният ва ба роҳ мондани зиндагии осоиштаи оддӣ қобили тазаккуранд”, – таъкид кард Захарова.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар Маскав ба хабарҳои нашршуда дар бораи “изҳори омодагии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ба ин ки, тибқи хабарҳо, роҳбари ин ҷабҳаи зидди Толибон Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон аст, низ таваҷҷуҳ нишон медиҳанд.

 “Ба ақидаи мо, дар марҳалаи кунунӣ ба нирӯҳои мухталифи қавмию сиёсии кишвар лозим аст, ки аз амалиёти барангезандаи низоъ дар Афғонистон худдорӣ кунанд ва ҳамчунин бо мақсади барқарор кардани сулҳу субот ва амнияти собит дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллиро биҷӯянд”, – изҳор дошт сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ин бори аввал аст, ки Маскав бо чунин як лаҳн ҷабҳаи зидди режими Толибонро ба даст кашидан аз мубориза даъват мекунад. То кунун мақомоти Русия кӯшиш мекарданд, то аз баёни як мавқеи мушаххас дар ин масъалаи ҳассос худдорӣ кунанд ё ягон назари мубҳам бидиҳанд.

Меҳвари Ҷабҳаи муқовимати миллиро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд. Раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон аст.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа ва бозигарони бузурги байналмилалӣ, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва бо пуштибонии ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва раҳбараш Аҳмади Масъуд батакрор гуфтааст, ҳукумати нав дар Кобулро, агар дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button