ВарзишВидео

ТОҶИКИСТОН БО КУМАКИ ВЕТНАМ БА ҶОМИ ОСИЁ-2022 РОҲ ЁФТ

Тими олимпии Тоҷикистон (U-23) бо кумаки тими Ветнам  ба марҳилаи финалии ин мусобиқа, ки соли оянда дар Ӯзбекистон доир мешавад, роҳ ёфт.

Тими Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”, ки 25-31 октябр дар Душанбе доир гашт, бар дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз дастаи Эрон (2:3) шикаст хӯрд ва ҷои дуюмро ишғол кард. Тоҷикистон бо 6 имтиёз ва таносуби хуби тӯбҳо (9 бар 3) шанси хуби баромадан ба марҳалаи финалиро дошт, вале то охирин лаҳза тақдираш аз натиҷаи бозии рӯзи 2 ноябри Ветнам ва Мянмар дар Бишкек вобаста буд.

Дар сурати пирӯзии яке аз ин дастаҳо ба ҷуз аз ҳисоби 4:3 (5:4, 6:5…) роҳхат насиби Тоҷикистон мешуд. Агар бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом меёфт, онгоҳ шумораи кортҳои зарди дастаҳои довталаб баршумурда мешуд. Вале, Худое нокарда, бозӣ мусовӣ анҷом меёфт, Ветнам ва Мянмар ҳарду ба Ҷоми Осиё мерафтанд ва Тоҷикистон аз роҳхат маҳрум мешуд.

Хушбахтона, Ветнам Мянмарро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод ва роҳхатти 15-умро худаш гирифту кумак кард, то роҳхатти охирини 16-ум насиби Тоҷикистон шавад.

Марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 бо иштироки 16 дастаи беҳтарини марҳилаи интихобӣ соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дастаҳои футболи ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо имкони иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо намуданд.
Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар (гурӯҳи “А”), Эрон (“В”), Ироқ (“С”), Кувайт (“D”), АМА (“Е”), Урдун (“F”), Австралия (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ветнам (“I”), Малайзия (“J”), Ҷопон (“К”) аз ҷои аввали гурӯҳҳо, дастаҳои Тайланд (“J”), Арабистони Саудӣ (“D”), Турманистон (“F”) ва Тоҷикистон (“В”) аз ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button