ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗ ДУ КАС ҒАРҚ ШУД: ЯК КӮДАК ДАР ҚУМСАНГИР, ЯК МАРДИ БЕМОР – ДАР СУРХОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 октябр дар каналу дарёҳои ин кишвар боз ду нафар ғарқ шудаанд.

Ҳодисаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Як сокини 6-солаи деҳаи Сомон, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар канали Қумсангир уфтодаву ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодисаи нохуш беназорат мондани писараки шашсола гуфта мешавад. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса расида, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади писаракро 400 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба хешовандонаш супурданд. 

Дар ин иртибот КҲФ бори дигар ба волидон муроҷиат кардааст, ки ҳаргиз фарзандони хурдсоли худро, ки гулҳои сари сабади хонадонашон ҳастанд, танҳо ва беназорат нагузоранд. Аксари ҳодисаҳои нохуше, ки ба наврасону кӯдакон рух медиҳад, ба сабаби беназорат мондани онҳо ба вуқӯъ мепайвандад, таъкид мекунад КҲФ.

Ҳодисаи дуюми нохуш дар деҳаи Калакуни ҷамоати деҳоти Ғарм рух додааст. Як сокини 39-солаи ин деҳа, ки дар қайди бемориҳои рӯҳӣ низ қарор доштааст, аз хона баромадаву барнагаштааст.    

Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо ҷасади ӯро дар масофаи 12 килеметр дуртар аз ҷойи истиқоматаш, дар наздикии деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Н.Махсум, дар наздикии дарёи Сурхоб пайдо карданд.  Имдодгарони КҲФ дар гурӯҳои ноҳияҳои Рашт ҷасади ӯро аз дарёи Сурхоб берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button