МАРГИ РОНАНДАИ ТОҶИК ВА МУСОФИРАШ ДАР ЯК САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Дар як садама дар вилояти Ленингради Русия ронандаи тоҷик ва як зани мусофир ба ҳалокат расида, як зани дигари мусофир сахт маҷруҳ шудааст.
Бино ба иттилои пулиси минтақа, садама шаби 18 октябр, соати 00:10 дар километри 105-уми роҳи Санкт-Петербург — Ручи рӯй додааст. Бо сабаби ҳанӯз номаълум ронандаи “Nissan Primera” ба ҷӯйбори канори роҳ ва сипас ба дарахт бархӯрдааст.
Ронанда, ки 32 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ҳамчунин як зани 34-солаи мусофири ин мошин дар ҷои садама ҷон бохтаанд. Як зани дигари низ 34-соларо дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд ва ӯ дар реаниматсия қарор дорад.
Дар бораи шахсияти ду зани мусофир иттилое нашр нашудааст, ки оё онҳо ҳам аз Тоҷикистон буданд ё сокинони маҳаллӣ?
Ҳар сол беш аз як миллион, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.