ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР КАМОНГАРОН, ФАРХОР ВА ҒАЛЛАОБОД

ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар се садамаи рӯзҳои 14 ва 15 октябр хабар дод. Аз ҷумла 14-уми октябри соли 2021, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хендай соната”, Исмоилов Ибрагим Усмонович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Камонгарон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пояи бетонии нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро” бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш Раупова Мукарама Исмоиловна, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигар Файзиева Ҷамила Исмоиловна, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми октябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз”, Асоев Айниддин Сафарович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Фархор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ватани ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Ғазалзода Меҳроб, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи мазкурро, ки дар болои купруки деҳа савори дучарха буд, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Ғазалзода М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Баётов Шерзод Мамадзикриёевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Давлатова Дурахшон Баҳриддиновна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросонро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Давлатова Д.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button