Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВКД ХАБАРИ “БОМДОД” ДАР БОРАИ БОЗДОШТИ ГОВДУЗД АЗ МУҶИХАРФРО ТАСДИҚ КАРД

ВКД хабари пойгоҳи “Бомдод” дар бораи боздошти як сокини 27-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод бо гумони дуздии чорвои мардумро расман тасдиқ кард. Ба гуфтаи ВКД, ин нафар субҳи 19 сентябр аз заминҳои чарогоҳи болои деҳаи Ғалаба се сар чорвои калони як зани 38-солаи сокини ҳамин ҷамоатро дуздида, ба вай 18 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.  ВКД гуфт, нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Манбаи “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки Азалшои Раҳмиддин, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Муҷихарф, бо гумони даст доштан дар дуздии 27 сар чорвои калони мардум боздошт шуда, дар шуъбачаи дараи Ҳакимӣ дар боздошт қарор дорад.

Дараи Муҷихарфро аз дараи Ҳакимӣ як кӯҳ аз ҳам ҷудо мекунад ва ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, Азалшои Раҳмиддин бо шариконаш чорвои сокинони деҳаҳои дараҳои Ҳакимӣ ва Муҷихарфро аз чарогоҳҳои воқеъ дар кӯҳҳо дуздида, забҳ мекард ва гӯшташро дар бозорҳо ба савдо мезад.

Ба гуфтаи сокинон, ин қазияро ҳатто имомхатибон дар мавъизаи намози ҷумъаи гузашта баён карда, аз мардум даъват кардаанд, ки ҳалолро аз ҳаром фарқ кунанд ва ҳеҷ гоҳ даҳони худу аҳли байти худро ба луқмаи ҳаром одат накунонанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Муайян ва ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Муҷахарфи ноҳияи Нуробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 19-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 06:00, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи болои деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Муҷихарф 3-сар чорвои калони шохдорро, ки ба зани 38-солаи сокини ҳамин ҷамоат тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2, банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани корманди нуқтаи шустушӯи нақлиётӣ бо ҷурми рабудани автомашина

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур, корманди нуқтаи шустушӯи нақлиётӣ, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.
Номбурда, 13-уми отябри соли 2021, аз назди нуқтаи шустушӯи нақлиётии «Шоҳроҳ», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Зокири шаҳри Хуҷанд автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки ба марди 36-солаи сокини шаҳри Бӯстон тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button