ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

АЗ ҲУКМИ СУД ШИКОЯТ ДОРАНД, АЗ ШИКАНҶА – НЕ: МУЛОҚОТИ ВАКОЛАТДОР БО МАҲБУСОНИ СИЁСӢ ДАР ЗИНДОНИ ВАҲДАТ

Дафтари  ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон  хабар дод, ки  раҳбари ин ниҳод Умед Бобозода  ҳамроҳ бо ду кормандаш Ҳайдаралӣ Раҷабзода ва Ҳусниддин Нидоев рӯзи 13 октябр ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия (маҳбаси нав дар канори шаҳри Ваҳдат) боздид  кардааст.

Умед Бобозода дар рафти ин боздид бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд,  ва ҳамчунин, бо шароити моддӣ (хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса шинос шуда, бо маҳбусон суҳбатҳои алоҳида анҷом додааст.

“Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо дар ВАО хабарҳо оид ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буд, шахсан вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Давлатов Абдуқаҳҳор иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд. Маҳкумшуда Ҳикматулло Сайфуллозода бошад, дар рафти суҳбат иброз намуд, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Вале дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон тасдиқ кардааст, ки “онҳо дар рафти суҳбат нисбати ҳукми судӣ норозигӣ баён намуданд ва илова карданд, ки нисбати ҳукми суд ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудан муроҷиат намудаанд.”

“Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд”, гуфта мешавад дар гузориш.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон  таъкид кардааст, ки “тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон (дар зиндони Ваҳдат) ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.”

Қаблан оппозитсияи тоҷик аз шароити нигоҳдории маҳбусони сиёсӣ ва мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтани онҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Хешовандони маҳбусони сиёсӣ ҳатто ба Созмони Милал нома навишта, хостори расидагӣ ба вазъияти наздиконашон дар зиндонҳо шуданд.

Аз ҷумла гуфта мешуд, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар маҳбаси Ваҳдат шадидан латтукӯб шудааст. Вазорати адлия қаблан гуфт, Сайфуллозода мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва маҳбуси дигар Аҳлиддин Турсунов, узви собиқи гуруҳи Раҳмон Гитлер дар заминаи маишӣ муноқиша рӯй додааст.

Умед Бобозода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button