ВидеоТоҷикистонҶомеа

АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10 СОЛ ДУ МИЛЛИОН БЕШТАР ШУДААСТ

Агентии омори Тоҷикистон рӯзи 12 октябр дар як ҳамоиш дар Душанбе натиҷаҳои муқаддамотии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 тайи 15 рӯз анҷом шуда буд, эълон кард. Тибқи натиҷаҳои бадастомада, аз замони барӯйхатгирии соли 2010, яъне дар 10 сол шумораи аҳолии Тоҷикистон 2 миллиону 97 ҳазор нафар, ё 27,7%  афзуда, ба 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафар расидааст. Агар чунин суръати рушди аҳолӣ ҳифз шавад, интизор меравад,  алакай дар соли 2022 шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар бирасад ва шумораи аҳолии пойтахташ, шаҳри Душанбе  аз марзи як миллион убур кунад.

Тибқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, аҳолии шаҳру шаҳракҳо дар Тоҷикистон 2 миллиону 528 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз аз шумораи умумии аҳолии кишвар ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр шумораи мардҳо нисбат ба занҳо 140 ҳазор нафар бештар буда, аз ҷамъи аҳолӣ 4 миллиону 901 ҳазор нафарро мардҳо ва 4 миллиону 760 ҳазорро занҳо ташкил медиҳанд. Дар нуфусшумории соли 2010 фарқи байни аҳолии мард дар Тоҷикистон ҳамагӣ 70 ҳазор буд: он вақт дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 817 ҳазор мард ва 3 миллион 747 ҳазор зан ба сар мебурд.

Ҳамин тавр, бар асоси барӯйхатгирии соли 2020, шумораи аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз соли 2010 то 2020 беш аз 21 ҳазор афзуда, ба 227,2 ҳазор (соли 2010 206 ҳазор буд), аҳолии вилояти Суғд537 ҳазор афзуда, ба 2 миллиону 770 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 233 ҳазор нафар буд) ва аҳолии вилояти Хатлон дар 10 сол ба 777 ҳазор нафар афзуда, ба  3 миллиону 444 ҳазор нафар (соли 2010-ум 2 млн 677 ҳазор нафар буд) расидааст. Ҳамин тавр, аҳолии шаҳри Душанбе 224 ҳазор бештар шуда, ба 948,8 ҳазор нафар (соли 2010-ум 724 ҳазор нафар буд) ва шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ним миллион афзуда, ба 2 млн 270 ҳазор нафар (соли 2010-ум 1 млн 722 ҳазор нафар буд) расидааст.

Агентии омор гуфт, натиҷаҳои муфассали барӯйхатгирӣ то соли 2024 дар 11 ҷилд чоп хоҳанд шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button