Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

РОҲБАРИ ТОҶИКҲОИ ҚИРҒИЗИСТОН РАВШАНБЕК СОБИРОВ АЗ МАНСАБИ МУШОВИРИ ПРЕЗИДЕНТ РАФТ

Президенти  Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 12 октябр Равшанбек Собиров , раиси Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро аз мақоми мушовири президент озод кард. Хадамоти матбуоти президент гуфт, роҳбари тоҷикони Қирғизистон ба сабаби пешбарии номзадиаш ба вакилии парлумон аз мақом озод карда шудааст.

Равшанбек Собиров 51 сол дорад. Ӯ 18 феврали соли 1970 дар деҳаи Ҷонӣ-Ариқи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз соли 2007 роҳбарии Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар ӯҳда дорад. Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд. Ӯ ҳамин тавр қаблан вакили парлумони Қирғизистон буд ва дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябри 2020 низ аз ҳизби Мекенчил таҳти рақами 10 ба парлумон пешбарӣ шуда буд. Вале он интихобот ба эътирозҳои оммавие печид, ки дар натиҷааш президент Сооронбой Жээнбеков барканор гардида, Содир Ҷабборов, ки тоза дар рӯзҳои ин эътирозҳо аз зиндон озод шуд, раҳбарии кишварро ба даст гирифт.

Равшанбек Собиров  дар ҳукумати Ҷабборов ба мақоми муовини сарвазир таъйин шуд. Ин баландтарин мансаби давлатӣ дар Қирғизистон аст, ки тоҷикони зодаи он кишвар ноил шудааст.

Моҳи феврали соли 2021  Собиров аз мақоми муовини сарвазир барканор ва мушовири президенти Қирғизистон таъйин шуд.

Интихоботи ғайринавбатии Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон рӯзи 28 ноябри соли 2021 доир мешавад. Ин ба ҷои интихоботи рӯзи 4 октябри соли 2020 аст, ки натиҷаҳои баҳсбарангезаш сабаби истеъфои президент Жээнбеков ва лағви натиҷаҳои овоздиҳӣ шуд.

Аз 90 вакили Жогорку Кенеш 54 вакилро тавассути рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 36 вакилро аз ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мекунанд. Ба парлумон ҳизбҳое роҳ меёбанд, ки дар овоздиҳӣ 3% раъй ба даст биоранд, аз ҷумла на камтар аз 0,7% дар ҳамаи 7 вилояти Қирғизистон. Як ҳизб наметавонад беш аз 65 курсии парлумонро ишғол кунад.  На камтар аз 30% номзадҳо дар рӯйхатҳои ҳизбӣ бояд зан, на камтар аз 15% аз ақалиятҳои қавмӣ ва на камтар аз 15% то синни 35 бояд бошанд. Ҳамин тавр, ҳар ҳизб бояд дастикам ду номзад аз байни сокинони имкониятҳояшон маҳдудро ба вакилии парлумон пешбарӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button