ВидеоКоррупсия

ЯК КОРМАНДИ СУДИ ОЛӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Як корманди Суди олии Тоҷикистон ба  гирифтани пора дар чанд маврид ба маблағи дар умум  беш аз 850 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба манфиати онҳо ҳал намудани чанд қазия аз шаҳрвандон дар умум 64 ҳазору 500 доллар ва 210 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, “Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210 000 сомонӣ талаб карда гирифта, ин миқдор маблағро бо роҳи қаллобӣ тасарруф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст.”

Парвандаи Сафарзода баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ супурда шудааст. Ба вай бар асоси қисми чоруми моддаи 247 барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург аз 8 то 12 соли зиндон  ва 5 соли маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад. Вале ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро низ пешбинӣ мекунад.

Вале  рӯшан нест, ки чаро як парвандаи порагирии рӯирости як корманди судро ҳамчун қаллобӣ ҷамъубаст кардаанд?

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон чунин мавридҳои парвандаҳои порагириро “тоб” дода, ҳамчун қаллобӣ ҷамъубаст кардани мақомот ва сипас бо ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ озод шудани муттаҳамон хеле зиёд шудааст.

Коршиносон бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо чунин шеваи “раҳмдилона” ҳеҷ гоҳ наметавонанд бар коррупсия, ки як таҳдид ба амнияти миллии кишвар дониста мешавад, пирӯз шаванд. Тоҷикистон  аз лиҳози олудагии мансабдоронаш ба коррупсия дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button