ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назар

НАМОЯНДАГӢ БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ТАРТИБИ РИШУ МӮЙЛАБГУЗОРӢ ВА ШАРОБНӮШИЮ СУҲБАТ ДАР КӮЧАҲОИ РУСИЯРО ФАҲМОНД

Намояндагии муҳоҷирати  Тоҷикистон дар Русия дар як муроҷиатнома аз муҳоҷирони кории тоҷик хостааст, ки дар кишвари мизбон – Русия бояд қоидаҳои ин кишварро риоя намуда, нисбати худ ва ояндаи худ дурандеш бошанд.
“Дар хотир дошта бошед, ки шумо ба Русия ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ муваққатан бо мақсади дарёфти ҷойи кор ворид шудаеду бояд тартиботи дохилии кишвари хориҷиро риоя намоед“, –  гуфта мешавад дар муроҷиатнома, ки матнаш рӯзи 7 октябр дар сомонаи Намояндагӣ нашр шуд.

Ба муҳоҷирони тоҷик тавсия додаанд, ки дар соатҳои фориғ аз кор ба китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҷойҳои маданиву фарҳангӣ рафта, фарҳанг, забон, таърихи Русияро аз худ ва  барои ташаккули ҷаҳонбинии мадании худ талош  кунанд.

Намояндагӣ ҳамчунин муҳоҷирони тоҷикро барои баланд бурдани сатҳи дониш ва тахассусашон  ба таҳсилу касбомӯзӣ бо истифода аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои Русия ташвиқ карда,  тавсия додааст, ки “шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода намуда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намуда, қимматарин арзиши инсонӣ – вақти худро беҳуда сарф накунед.”
Аз муҳоҷирон ҳамчунин хостаанд, ки дар соатҳои фориғ аз кор, ҳангоми истироҳат ва тамошо нисбат ба атрофиён боэҳтиром бошанд ва “ба сару либос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хоса намоед, зеро сокинони муқимӣ дар симои шумо тамоми халқи шарифи Тоҷикистонро баҳо медиҳад.”

“Дар хотир дошта бошед, ки шумо ворисони садҳо фарзандони баруманди миллати тоҷикед, ки онҳо дар ташаккули мадании олам нақши ногузир доранд“, –  таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Ба муҳоҷирон ҳамчунин фаҳмондаанд, ки агар дар марказҳои дилхушӣ шароб нӯшиданд ва ё хоҳиши тамоку кашидан доранд, бояд бидонанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан мамнӯъ аст. “Пас аз шаробнӯшӣ бояд нисбати атрофиён соҳибэҳтиром бошеду ба ҳаёти орому осудаи сокинони маҳаллӣ халал ворид накунед», –  гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
“Агар шумо мӯйлаб ва риш мондаед, тибқи қоидаҳои шариати Ислом, бояд ҳар рӯз онро тозаю покиза нигоҳ дореду тарзе онро нигоҳубин намоед, ки атрофиён аз шумо тарс надошта бошанд. Намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Русия муайян намудааст, адо намоед. Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст, бояд дар он ҷой намоз нагузоред“, –  таъкид шудааст дар муроҷиатнома ба муҳоҷирон.
Намояндагӣ мегӯяд, зарур аст, ки муҳоҷирони тоҷик қоидаҳои мазкурро барои эҳтироми тарафайн, яъне муносибати сокинони муқимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button