АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ӮЗБЕК БО РОҲБАРОНИ ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ. ҚАДАМИ НАВИ ТОШКАНД БА СӮИ ЭЪТИРОФИ “АМОРАТИ ИСЛОМӢ”

Роҳбарони ба ном “Аморати исломии Афғонистон”, ки ҷангҷӯёни ҳаракати дар бисёр кишварҳо мамнӯи Толибон эълон кардаанд, Тошкандро итминони хотир додаанд, ки “аз қаламрави Афғонистон ягон навъ таҳдиде ба амнияти Ӯзбекистони бародар бар нахоҳад хест.”

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон  дар иттилоияи расмиаш дар анҷоми сафари рӯзи 7 октябри вазири хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов ба Кобул хабар дод.

Комилов ба ин тартиб, нахустин вазири хориҷӣ ва баландтарин мақоми давлатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки баъди ғасби Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ба Кобул сафар кард ва бо роҳбари ба ном “Аморати исломӣ” вохӯрд.

Тибқи иттилои расмӣ, Абдулазиз Комилов бо сарпарасти вазири хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ ва ҳамчунин бо муовини раиси ҳукумати муваққати “Аморати исломӣ” дар умури сиёсӣ Мавлавӣ Абдулкабир мулоқот кардааст. Дар мулоқот ҳамчунин муовини дигари раиси ин ҳукумат оид ба масоили иқтисодӣ Абдусалом Ҳанафӣ, вазирони нақлиёту авиатсияи мулкӣ, корҳои ҷамъиятӣ, энергетика ва хоҷагии оби “Аморати исломӣ” низ иштирок доштаанд.

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар иттилоияш муаддабаон номе аз Толибон намебарад ва ишорае ҳам намекунад, ки ҳайъати расмии Ӯзбекистон бо намояндагони “ҳукумат”-e пушти мизи гуфтугӯ нишастааст, ки аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати дар бисёр кишварҳои дунё мамнӯи Толибон эълон шуда, то кунун аз ҷониби ягон кишвар расман эътироф нашудааст.

Официальное сообщение МИД Узбекистана:

7 октября 2021 года делегация Республики Узбекистан во главе с Министром иностранных дел Абдулазизом Камиловым провела в г.Кабуле переговоры с руководством Афганистана во главе с заместителем главы временного правительства по политическим вопросам Муллой Абдулом Кабиром. Во встрече также приняли участие вице-премьер по экономическим вопросам А.Ханафи, министры транспорта и гражданской авиации, общественных работ, энергетики и водного хозяйства Афганистана. 

Состоялись отдельные переговоры с и.о. Министра иностранных дел Мавлави Амирхоном Муттаки.

Стороны обсудили текущую ситуацию в стране, усилия по оказанию народу Афганистана гуманитарной и иной помощи, а также реализацию на территории страны крупных инфраструктурных проектов в сфере энергетики и транспорта. 

Члены временного правительства Афганистана выразили искреннюю признательность Президенту Узбекистана Шавкату Мирзиёеву за огромное внимание к чаяниям афганского народа, неоценимую гуманитарную помощь в целях предотвращения масштабного продовольственного кризиса. 

Афганская сторона дала высокую оценку политике Президента Узбекистана по выстраиванию конструктивного и взаимоприемлемого диалога с новыми властями Афганистана, а также призыву главы Узбекистана к международному сообществу разморозить активы Афганистана за рубежом. 

Члены афганской делегации выразили глубокую благодарность Руководству Узбекистана за содействие в восстановлении деятельности международного аэропорта г.Мазари-Шарифа, бесперебойном функционировании узбекско-афганской границы, через которую на постоянной основе доставляются в страну продовольствие и другие товары первой необходимости.

Сторонами достигнута договоренность о проведении в ближайшее время совместных переговоров в г.Термезе по обсуждению вопросов торгово-экономического характера, в том числе по реализации проектов строительства ЛЭП «Сурхан – Пули-Хумри» и железной дороги по маршруту «Мазари-Шариф – Кабул – Пешавар».

Выражена готовность афганской стороны обеспечить безопасность узбекских специалистов, задействованных в осуществлении указанных проектов.

Официальным Кабулом было также твердо заявлено, что с территории Афганистана никогда не будет исходить какая-либо угроза безопасности братского Узбекистана. 

Сухангӯи  гуруҳи тундрави Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ рӯзи 7 октябр бо нашри се акс дар  саҳифааш дар Твиттер  хабар дод, ки “имрӯз сарпарасти вазорати хориҷаи Аморати исломии Афғонистон Амирхон Муттақӣ бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва ҳайъате, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, вохӯрд. Бо истиқбол аз ҳамтои ӯзбекаш, Муттақӣ таъкид кард, ки сиёсати Ӯзбекистон нисбат ба Афғонистон ба масоили дигар вобаста нест.”

Муттақӣ ҳамчунин Комиловро барои иштирок дар тарҳи бозсозии фурудгоҳи Мазори Шариф ва барномаҳои дигар дар Афғонистон изҳори сипос кардааст.

Комилов, ба навиштаи Муҷоҳид, “изҳори умедворӣ кард, ки Аморати исломии Афғонистон ба зудӣ дар ҷомиаи байналмилалӣ мавқеи мустаҳкамеро ба даст меорад. Ӯ ҳамчунин итминон дод, ки Ӯзбекистон ба ваъдаҳояш дар масоили транзит, энергетика ва тиҷорат пойбанд аст.”

Ӯзбекистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз нахустинҳо шуда, дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои тамос бо режими нави Толибон дар Афғонистон шуд. Ин кишвар рӯзи 14 сентябр ба Афғонистон 1300 тонна кумаки башарӣ фиристод, ки нахустин кумаки Тошканд ба Афғонистон баъди ба дасти Толибон гузаштани умури он кишвар буд. Рӯзи 2 октябр сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов низ бо Муттакӣ мулоқот дошт. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қаблан эътироф кард, ки Тошканд тақрибан ду сол боз бо намояндагони Толибон тамосҳо дошт.

Бо Толибон дипломатҳои Туркманистон низ фаъолона дар тамос мебошанд. Толибон ахиран ҳатто президенти Туркманистонро ба муносибати ҷашни истиқлоли кишвараш табрик гуфт.

Рӯзи 23 сентябр бо Муттақӣ дар Кобул муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Талъатбек Масодиқов  ва сардори шӯъбаи сиёсати берунаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Қулубоев низ мулоқот карданд. Онҳо бо як бастаи ёриҳои башарӣ ба Кобул рафта буданд. Сухангӯи “аморати исломӣ” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки “дар ҷараёни мулоқот Муттақӣ-соҳиб  меҳмононро истиқбол  кард ва барои кумакашон изҳори сипос кард.”

Ба дунбол,

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки сафири ин кишвар дар Кобул Алимхон Есенгелдиев бо и.в. вазири корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ масъалаи расондани кумакҳои ғизоӣ ва дигар ёриҳои башариро баррасӣ кардааст.

Вазорати хориҷаи Қазоқистон дар иттилоияаш намояндаи Толибонро расман “раҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон” ном бурда, гуфт, ки Муттақӣ аз сиёсати хориҷии Қазоқистон ситоиш ва барои омодагии ин кишвар ба ироаи кумакҳо дар ин давраи мураккаби гузариш изҳори сипос кардааст.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон  Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”.

Ҷанги таҳдидҳо байни Тоҷикистону Толибон ба ҳадде авҷ гирифт, ки ахиран Маскав бо изҳори нигаронӣ аз ин намоиши зӯри бозу ҳарду ҷонибро ба оромӣ даъват кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button