ВидеоМуҳоҷирон

ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ЛОТЕРЕЯИ ГРИН КОРТИ АМРИКО

Департаменти давлатӣ, ё худ вазорати хориҷаи Амрико расман аз оғози мавсими нави сабти номҳо барои Барномаи Грин Корт (Diversity Visa Lottery) дар соли 2023 бо усули онлайн хабар дод. Чунин имконият аз 6 октябри соли 2021 шурӯъ шуда то 9 ноябри соли 2021 давом хоҳад ёфт.

Барои шомил шудан ба Барномаи Грин Корт барои соли 2023 сабти ном бояд тавассути сомонаи махсуси https://dvprogram.state.gov/ https://dvprogram.state.gov/?fbclid=IwAR2740BM-fPwgYpKrB9i9kObhN657uWjfnR70rHX6QDVaS0Qq_9Ri7babLM   амалӣ шавад. Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, хоста шудааст, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад.

“Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад. Сабти номҳо ба барнома ба таври РОЙГОН мебошад”, – таъкид шудааст дар эълоне, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр кардааст.

Ҳар сол Амрико ба 50 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон тавассути лотереяи Барномаи Грин Корт ҳаққи иқомат медиҳад. Аз ҷумла ҳар сол аз Тоҷикистон низ, бино ба ҳисобҳо, то 500 нафар барои зиндагии доимӣ ба Амрико мекӯчанд.  Вале агар солҳои қабл таваҷҷуҳ ба кӯчидан ба Амрико барои зиндагии доим дар Тоҷикистон ба фарқ аз, барои мисол, Ӯзбекистон хеле камтар мушоҳида мешуд, ҳоло шумораи довталабони ба даст овардани ҳаққи иқомат дар он сӯи уқёнус дар Тоҷикистон низ хеле афзудааст ва ҳатто даҳҳо ширкатҳое пайдо шудаанд, ки корашон пур кардани ҳуҷҷатҳои лозими довталабони ширкат дар лотереяи Грин Корти Амрикост.

Чанд сол пеш оморе нашр шуд, ки бар асоси он, аз ибтидои асри 21 беш аз 5000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҳаққи иқомат ва ҳатто шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button