АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БАРКАНОРИИ САФИРИ УКРАИНА ДАР ДУШАНБЕ ГЕНЕРАЛ СЕРВАТЮК БАЪДИ ҲАМАГӢ ДУ СОЛИ КОР

Президенти Украина  Владимир Зеленский рӯзи 6 октябр бо фармони №512 генерал-лейтенант Василий Серватюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон барканор кард. Дар бораи сабаби барканории Серватютк расман чизе гуфта нашудааст, вале ин тасмим дар пасманзари тағйири кулли вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон ва ба мушкил дучор шудани даҳҳо украиние, ки бояд аз Афғонистон берун кашида мешуданд, гирифта шуд. Бино ба хабарҳо, ба иллати адами ҳамоҳангсозии дуруст як гуруҳи шаҳрвандони Украина натавонистанд саривақт тарки Кобул кунанд ва ба болои ин, ҳавопаймоеро, ки бо таъхир барои берун кашидани онҳо фиристоданд, дар Кобул як гуруҳи силоҳбадаст ғасб карда, бо он ҳавопаймо одамони худашонро  аз Кобул ба Дубай бурданд.

Ба ин тартиб, Василий Серватюк дар мақоми сафири Украина дар Душанбе (ӯ умури сафорат дар Афғонистонро ҳам аз ҳаминҷо идора мекард) ҳамагӣ 2 солу 4 моҳ кор кард. Серватюкро ба раҳбарии сафорати Украна дар Душанбе президенти қаблии Украина Петро Порошенко дар яке аз охирин рӯзҳои президентиаш таъйин карда буд. Ёдовар мешавем, сафири қаблии Украина дар Душанбе Виктор Никитюк  дар ин мақом аз соли 2012 то 2018, беш аз 6 сол кор карда буд.

 Василий Серватюк – генерал-лейтенант, доктори илмҳои ҳарбӣ ва профессор буда, то таъйиноташ ба Душанбе муовини аввали раиси Хадамоти давлатии марзбонии Украина буд. Серватюк солҳои 80 дар ҷанги Афғонистон иштирок карда, соҳиби ордени ҷангии Ситораи сурх ҳам шудааст.

Генерал Серватюк  роҳбарии сафорати Украинаро дар Душанбе, пойтахти кишваре бар ӯҳда дошт, ки аксари мақомот ва мардумаш ошкоро ҳаводори Русия ҳастанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки равобити Украина бо Русия  ба далели ишғоли нимҷазираи Қрим ва пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетску Луҳанск чанд сол боз вориди таниши хеле ҷиддӣ шудааст. Ва Серватюк ба унвони сафири Украина мебоист дар Тоҷикистони ҳаводори Маскав аз манфиатҳои Украина ҳимоят кунад.

Серватюк соли 2014, дар пайи ишғоли Қрим ва шурӯи ҷангҳо дар шарқи Украина довталабона ба хидмати ҳарбӣ баргашт ва аз ноябри соли 2014 то баҳори соли 2019, яъне то таъйин шуданаш ба мақоми сафир дар Душанбе, муовини аввали раиси Хадамоти давлатии марзбонии Украина буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button