АфғонистонВидеоТоҷикистон

АМРИКО БАРОИ ҲИМОЯТИ МАРЗҲОИ ТОҶИКИСТОН 20 МОШИНИ ҶИПИ 70-ҲАЗОРДОЛЛАРӢ ДОД

5 октябри соли 2021 сафорати ИМА дар Душанбе, дар доираи кумак ба Тоҷикистон, баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомошинаи ҷипро ба вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим намуд. Сафорати Амрико гуфт, мошинҳои арзишии умумиашон 1,4 миллион доллар ба нерӯҳои вижаи вазорати дифои Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Тақдими ин 20 мошини ҷип ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Афғонистон аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон тасарруф шуд ва дар Душанбе бар ин боваранд, ки тағйири вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар Афғонистон ба вазъи амниятии тамоми минтақа, бахусус Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Дар маросими супурдани мошинҳои сабукрав сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм ва генерал -майор Бобозода Хусрав, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот,  иштирок карданд.

Сафир Поммершайм дар ин маросим гуфт: “Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте ки мо якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. ”

Бино ба  иттилои сафорати Амрико, аз соли 1992 инҷониб Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад. Дар доираи ин кумак ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон 358 мошин ба маблағи умумии 10,5 миллион доллар тақдим гардиданд.

Ҳамчунин, ба беш аз 10 000 низомӣ ва маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ усулҳои муассири муқобила ба таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти махсус омӯзонида шуданд. Илова бар ин, ҳукумати Амрико қаблан дар баталёни муҳофизони сулҳи Шамсӣ таъмир анҷом дода, лагери омӯзишӣ, сохт ва корҳои сохтмониро дар Маркази омӯзишии саҳроии кӯҳии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,5 миллион доллари ИМА ба анҷом расонид.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва ба рушд ва ҳамкориҳои низомӣ ба маблағи 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button