ВидеоКоррупсияМуҳоҷирон

МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ПОРА ДОДАН БА ПУЛИС ҶАРИМА БАСТАНД

Додраси ҳакамӣ (мировой судья) дар ноҳияи Железнодорожнийи шаҳри Улан-Удэи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми якуми моддаи 291.2 дар кӯшиши додани пораи хурд ба маблағи 1000 рубл гунаҳкор шинохт ва 6 ҳазор рубл ҷарима баст.

Додситонии минтақаи Сибири шарқӣ  рӯзи 4 октябр дар сомонааш хабар дод, ки  моҳи июли соли 2021 кормандони пулиси нақлиёт  дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Улан-Удэ ҳамсари ин муҳоҷири тоҷикро бо гумони вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират дастгир кардаанд.

 “Ҳангоми тартиб додани протоколи қонуншикании маъмурӣ ҳамсари ин зани тоҷик кӯшиш кард, ки аз кормандони пулис бо пул халос шавад ва бо ин мақсад ба яке аз кормандони пулис барои қатъи таҳқиқ 1000 рубл дод. Пулис пулро нагирифт ва дар бораи ин мавриди ба амали коррупсионӣ моил кардани вай ба роҳбаронаш хабар дод”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Бино ба ин манбаъ, муҳоҷири тоҷик дар рафти мурофиа ба гуноҳи худ пурра иқрор кард ва аз кирдораш изҳори пушаймонӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button