ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ДАР БОМИ ҶАҲОН

Дар нимаи аввали рӯзи 3 октябр,  тахминан соати 11:20 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон боз як заминларза рӯй дод. Ба ҳисоби марказҳои зилзиланигории ғарбӣ, шиддати ин офати табиӣ дар марказаш – мавзеи Аличӯр, дар тақрибан 70–километрии Мурғоб дар шарқи Тоҷикистон тибқи ҷадвали Рихтер 4,7 баллро ташкил додааст.

Аммо Маркази зилзиланигории вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон шиддати ин заминларзаро 4,5 балл баровард карда, хабар дод, ки замин дар умқи 115 километр ларзида, маркази офати табиӣ дар наздикии кӯҳи Раҷӣ–Бек ҷойгир шуда буд.

Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи заминларзаи ахир то ҳол гузориш нашудааст. Вале сокинон ҷунбидани бистари заминро дар кишварҳои ҳамсояи Чину Афғонистон ҳам эҳсос кардаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон 5 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 16 чунин заминларза ва дар як соли охир 209 заминларзаро сабт кардаанд.

10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button