ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ХУҶАНД ҚАРИБ 250 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИРРО ОТАШ ЗАДААНД (3 АКС)

Як сокини 36-солаи Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки сеюним сол пеш аз як зан ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти техникӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

хххххххх

Сокини 28-солаи Нуробод субҳи 9 сентябр, соати 5:30 дар ҳолати мастӣ як мошини “Опел-Астра” –ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, дар деҳаи Сияҳоби ҷамоати Хумдон партофтааст.

ххххх

Дар Хуҷанд қариб 250 кило маводи мухаддирро оташ задаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 39-солаи шаҳри мазкур даромада, таҷҳизоти техникиро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи «Опел-Астра»

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Номбурда, 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 05:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки ба марди 47-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, дар деҳаи Сияҳоби ҷамоати деҳоти Хумдон автомашинаро монда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 252 қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Суғд: Сӯзонидани воситаҳои нашъадор аз рӯи 95 парвандаи ҷиноятӣ ва 64 маводи маъмурӣ

Рӯзи 29-уми сентябр кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо иштироки комиссияи махсус аз ВКД чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани воситаи нашъадор доир намуданд. Далелҳои шайъӣ наздик 250 килограмм намудҳои гуногуни воситаи нашъадор, ки ҳалнома ва таъиноти судиашон ба тасвиб расидааст аз ҷониби ҳайати комиссия барои несту нобуд кардан пешниҳод ва чорабинӣ бо иштироки намояндагони ВАО, мақомотҳои прокуратураю суд ва дигар сохторҳои марбута баргузор гашт.
Ҳамагӣ 249 кг 606 гр 4615 мг воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ барои несту нобуд кардан аз рӯи 95 парвандаҳои ҷиноятӣ ва 64 маводи маъмурӣ таҳти назорати комиссия маҳв карда шуданд.
Мухаддироти сӯзонидашуда натиҷаи фаъолияти милитсияи Суғд аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст.
Мусодираи маводи мухаддир дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шуда, ҳангоми натиҷагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти шуъбаву хадамоти мақомот таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Чорабинии сӯзонида несту нобуд кардани воситаи нашъадор идомаи мантиқии мубориза бо гардиши маводи мухаддир буда, барои ба пуррагӣ аз муомилот мондани воситаи нашъадор мусоидат менамояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button