ЯК ЗАНИ ЁВОНИРО СОАТИ ДУИ ШАБ ДАР МАҲАЛЛАИ ЧИМТЕППА ҒОРАТ КАРДААНД

Марди 38-солаи сокини пойтахт ба он айбдор мешавад, ки соати дуи шаби 26 сентябр дар маҳаллаи Чимтеппа бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасти зани 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Дуос” ва як ҷуфт гӯшвори тиллоиро кашида гирифтааст.
ххххххххх
Сокини 25-солаи шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 1 август бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, мошини “Фолксваген-Таврек”-и ӯро 50 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифта, то ҳол пулашро надодааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 29 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 26-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи мазкур, марди 38-солаи сокини пойтахт, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Дуос” ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 37-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 1-уми августи соли 2020 ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Фолксваген-Таврек”ро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.