ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ХЕШУ ТАБОРИ ТОҶИКЕ, КИ ДУХТУРРО ЛАТТУКӮБ КАРД: БАҲРИДДИН МИСЛИ ҶАВОНМАРД РАФТОР КАРД (ВИДЕО)

Нашрияи “Комсомольская правда” бархе тафсилоти навро дар бораи зодаи Тоҷикистон Баҳриддин Азимов ва ҳамсари ӯ Нилуфар нашр кардааст. Исми ин оилаи зодагони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар пайи дар шаҳри Нижневартовск дар ҳолати хашм ба табиби пӯсти клиники “А-Мед” Владимир Жирноклеев барои ба ҳамсари ӯ гапи ноҷо партофтанаш ҳамла кардани Баҳриддин дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ба гуфтаи хешовандони Баҳриддин, табиб ба Нилуфар фишор оварда, маҷбур кардааст, ки бадани ӯро муоина кунад. Ба болои ин, тавре хешовандон ва ҳам худи Баҳриддин дар бозпурсӣ мегӯянд, табиб гӯё Нилуфарро тавсиф кардааст, ки пӯсти зебо дорад ва барои пӯшидани ҳиҷоб мазаммат кардааст, ки “чаро ту ин халтаро ба рӯ кашидаӣ?” Табиб комплимент дар мавриди пӯсти зеборо тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, дар масъалаи ҳиҷоб ба Нилуфар чизе нагуфтааст.

Баҳриддин Азимов аз Исфараи Тоҷикистон буда, нахустин шуда, амаки ӯ ҳанӯз соли 1985 ба Нижневартовск кӯчида, дар чоҳи нафт кор мекард. Падару модари Баҳриддин солҳои 90 ба Русия кӯчида, аввал дар шаҳраки Радужное зиндагию кор мекарданд ва сипас ба Нижневартовск омаданд. Баҳриддин 8 сол пеш дар Радужное шаҳрвандии Русияро ба даст овард ва баъди хатми Донишгоҳи саноатии Тюмен дар як чоҳи нафти ширкати “Роснефт” ба ҳайси чоҳкан (бурильщик) кор мекард.

Нилуфар низ шаҳрванди Русия буда, дар ҳаминҷо коллеҷро хатм кардааст. Нилуфару Баҳриддин 7 сол қабл издивоҷ карданд. Баҳриддин 29 ва ҳамсараш 30 сол доранд.

Ҳамсабақони Нилуфар мегӯянд, ки ӯ дар даврони таҳсилаш дар коллеҷ диндори сахт набуд ва  то замони издивоҷаш ҳиҷоб ҳам намепӯшид.

Мария, як ҳамсабақи Нилуфар ба “КП-Петербург” гуфт: “Ӯ пеш як духтари оддӣ буд. Ман бо ӯ наздик будам. Дар бораи дину Худо пеш гап намезад ва ҳиҷоб ҳам надошт. Ман наметавонам қазоват кунам, ки баъди издивоҷ ӯ чӣ қадар тағйир ёфт? Зоҳиран як оилаи оддӣ ба назар мерасиданд. Ман бо шавҳари ӯ низ суҳбат мекардам, ягон агрессия дар ӯ дида намешуд.”

Хешовандони Баҳриддин мутмаинанд, ки ӯ мисли ҷавонмард рафтор кард ва дигар хел рафтор карда ҳам наметавонист.

Иззат, писарамаки Баҳриддин ба “КП-Петербург” гуфт: «Фикр мекунед, ин дуруст аст, вақте духтур мегӯяд, ки пӯсти бадани ҳамсари шумо зебост? Ин комплимент аст ва ба зани шавҳардор комплимент гуфтан мумкин нест. Болои ин, табиб ба Нилуфар гуфтааст: “Ту чаро ҳиҷоб мепӯшӣ?” Ин барангехтани кинаю адовати қавмию динӣ аст. Ҳоло бошад ҳама гуноҳро ба гардани бародари ман бор карданд. Ҳол онки вай гуноҳ надорад. Дуруст аст, ки ӯ набояд ба сари духтур мушт мебардошт. Вале ҳар ҷавонмарди ҳақиқӣ чунин рафтор мекард. Чунки ҳамсари вай аз духтур хоҳиш кардааст, ки ӯро ягон духтури зан муоина кунад. Вале вай рад кардааст ва вақте Нилуфар пурсидааст, ки ӯ метавонад ба ягон клиникаи дигар муроҷиат кунад?, вай гуфтааст, ки “албатта, метавонӣ, вале дар ҷои корат мушкил эҷод мешавад”. Яъне табиб ба вай фигор овардааст. Ва Нилуфар маҷбур шудааст, ки баданашро ба ӯ нишон диҳад. Ин як кори ҷиддист. То кунун бадани ӯро ба ғайри шавҳараш касе надида буд. Аз ин алами Нилуфар омадааст ва ӯ гиря кардааст.

Илёс, бародари дигари Баҳриддин низ мутмаин аст, ки ӯ дуруст рафтор кард: “Медонед, ман ҳам агар ба ҷои ӯ мебудам, чунин рафтор мекардам. Дар мо комплимент гуфтан ба зани шавҳардор аслан мумкин нест! Бародари ман дар умум як одами орому ботамкин аст. Вале инҷо вазъият чунин шудааст, ки ӯ дигар хел рафтор карда натавонист.”

Додгоҳи шаҳри Нижневартовски Русия рӯзи 25 сентябр ҳамчун чораи пешгирӣ Баҳриддин Азимови зодаи Тоҷикистонро, ки ба латтукӯби як духтур барои ба зани ӯ гапи ноҷо партофтанаш айбдор мешавад, ба ҳабси хонагӣ гирифта, аз ҳаққи бе иҷозати муфаттиш тарк кардани маҳалли зист, тамос гирифтан бо шоҳидон ва истифода аз васоили алоқа ва Интернет маҳрум кард.   Ба зидди ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ парванда кушодаанд ва тафтиши он таҳти назорати раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин қарор дорад. Ба Баҳриддин бар асоси ин банди қонун аз ҷарима ба маблағи дастикам 300 ҳазор рубл то ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш даромадааст. Ӯ бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев  шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтур Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, «тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо баҳонаи бофтаи гӯё таарруз ба дахлнопазрии ҳамсараш аз тарафи корманди тиб, ба рӯи духтури пӯсте, ки занро муоина карда буд,  на камтар аз ду зарба задааст.”

Духтури латтукӯбшуда Владимир Жерноклеев мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш занони зиёд, аз ҷумла занҳои мусалмонро муоина кардааст, вале бори аввал дучори чунин ҳолат шуд. Жерноклеев ҳоло ҳам муҷозоти Баҳриддин Азимов ва ҳам ҳамчун ҷабрдида товони молиявӣ талаб дорад.

Баҳриддин Азимов дар ҷараёни бозпурсӣ гуфт, духтурро барои ба ҳамсари ӯ гапи ноҷо партофтанаш задааст ва барои ин узр пурсиданӣ нест.

 “Ман омода нестам, ки узр бипурсам, чун духтур ҳангоми муоина ба ҳамсари ман гап партофт ва инро зеҳни ман қабул карда наметавонад”, — мегӯяд Баҳриддин дар видеое, ки telegram-канали «Мегаполис» нашр кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, “духтур бояд кори худашро анҷом диҳад, вале пурсидан, ки “барои чӣ ту ин халтаро ба сар кашидаӣ?, берун аз салоҳияти духтур аст.” Манзур аз “халта” инҷо ҳиҷоб аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button