ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

2,4 МЛН СОКИНИ ТОҶИКИСТОН ВАКСИНА ГИРИФТААНД, ДАР ДУШАНБЕ НАҚША ИҶРО ШУД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки то 27 сентябр дар ҷумҳурӣ дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 398 ҳазору 703 шаҳрванд (41,2% аз шумораи умумии сокинони калонсоли кишвар) бар зидди бемории коронавируси COVID-19  ҳадди ақал як вояи ваксинаро гирифта, 1 миллиону 740 ҳазору  682 нафаралакай ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд. Бино ба иттилои вазорат, нақшаи ваксиназанӣ дар пойтахт, шаҳри Душанбе алакай 100,4% иҷро шудааст.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июл, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои ҳамаи шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ буда, ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Тибқи Нақшаи миллӣ, бояд беш аз 5,8 миллион сокинони аз 18 болои Тоҷикистон ваксина бигиранд. Барои ин тақрибан 12 миллион вояи ваксина лозим аст. Тоҷикистон то имрӯз наздики 5 миллион вояи ваксина ворид кардааст. Ҳамаи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ба таври ройгон тавассути барномаи КОВАХ, ки ҳадафаш таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди пандемия аст, дода шудаанд.

Бо ин ҳол, аз 13 сентябр ба ин тараф, инак беш аз ним моҳ боз вазорати тандурустӣ ҳисобот медиҳад, ки дар кишвар дигар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашудааст ва ягон бемори коронавирус низ боқӣ намондааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия  то шоми 13 (14, 15… 24) сентябр дар Тоҷикистон расман 17 084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 953 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ шоми 13 сентябр, вақте бори аввал баъди 21 июн хабари ошкор нашудани ягон ҳолати нави коронавирусро дар кишвар ҳисобот медод, гуфт, чораҳои андешидаи ҳукумат, бавижа маъракаи ваксинзании саросарии аҳолии калонсоли Тоҷикистон боис шуд, ки пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон ба нестӣ расонда шавад.

Бисёриҳо ба  иддаои вазорати тандурустӣ дар бораи “ба нестӣ расидани пандемия дар Тоҷикистон” бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ҳарчанд вусъату доманаи беморӣ назар ба тобистон коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз ба ҳадде нест, ки аз комилан нест шудани пандемия дар ҷумҳурӣ табли шодӣ бизанем.

Дар нимаи аввали сол вазорати тандурустӣ қариб ним сол исрор меварзид, ки дар Тоҷикистон коронавирус ба нестӣ расонда шуд. Дар натиҷа моҳи июну июл кишвар ба мавҷи азими ин беморӣ рӯбарӯ шуд, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button