АфғонистонВидеоФарҳанг

“ҲАМОСАИ ПАНҶШЕР” – ЧОПИ БОЗ ЯК КИТОБ ДАР ДУШАНБЕ БА ҲИМОЯТ АЗ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ

Нашриёти “Адиб”-и вазорати фарҳанги Тоҷикистон маҷмӯаи ашъори шоирони форсизабонро дар ситоиши Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти унвони “Ҳамосаи Панҷшер”  ба нашр расонид. Журналист Одил Нозир хабар дод, ки ин китобро бо ташаббуси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар шоир Беҳрӯзи Забеҳулло тартиб додааст.

Давлат Сафар  гуфтааст, нашриёти “Адиб” дар ояндаи наздик нашри маҷмӯаи насриву публитсистиро низ дар ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар назар дорад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин алакай дуюмин китобест, ки дар Душанбе ба ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон нашр мешавад. Чанд рӯз пеш дар Душанбе китоби “Нома ба Панҷшер” бо ҳуруфи кирилӣ ва форсӣ аз дасти чоп берун омад, ки дар он ашъори шоирони тоҷик ва асарҳои публитсистӣ ба пуштибонӣ аз муқовимат дар Панҷшер чоп шудааст.

Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон буд, ки султаи Толибонро напазируфт ва ба зидди режими нави ҷангҷӯёни ин гуруҳи тундрав қиём кард. Дар аввалҳои моҳи сентябр ҷангҷӯёни Толибон бархе аз қисматҳои водии Панҷшерро тасарруф карданд, вале дараҳои кӯҳистонии касногузарони он ҳамчунон дар контроли нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди лашкаркаши шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд боқӣ мемонад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз оғоз султаи Толибонро напазируфт ва президенташ Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат эълон кард, ки агар Толибон дар ҳукумати ояндаи худ ба тоҷикони Афғонистон ва дигар ақалиятҳои қавмии он кишвар ҷойгоҳи шоистаеро қоил наоянд, Душанбе ҳукумати  навро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Ҷомиаи Тоҷикистон, бахусус равшанфикрони тоҷик низ аксаран мавқеи тарафдории бечунучаро аз Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшерро интихоб кардаанд.Шоирону тоҷик дар васфи Панҷшеру нирӯҳои муқовимат ва фармондеҳи онҳо Аҳмади Масъуд даҳҳо шеъру достон гуфта, овозхонҳои тоҷик алакай нахустин таронаҳояшонро дар ин мавзӯъ пешкаш кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button