ВарзишВидеоИқтисодЧеҳраҳо

РАҲИМИ ҒАРМӢ БА САМАНДАР МУРОДОВ “МЕРСЕДЕС” ТУҲФА КАРД (ВИДЕО)

Шоми 22 сентябр размандаи ҷавону ояндадори тоҷик Самандар Муродовро дар фурудгоҳи Душанбе сели мухлисон бо ҳамҳама пешвоз гирифтанд. Дар сабтҳо дида мешавад, ки дар саҳни фурудгоҳ  даҳҳо нафар ҷамъ шудаанд ва Самандарро, ки бо китфи латхӯрда, вале бо нишони қаҳрамонӣ ба Ватан баргашт,  бо шӯру шавқ пешвоз мегиранд ва ба шарафи ӯ чапак зада, ҳуштак мекашанд ва дастафшонӣ мекунанд.

Баъди пешвозгирии мутантан дар фурудгоҳ, соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба Самандар Муродов калиди мошини тамғаи “Мерседес”ро туҳфа кард.  Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Самандар пушти фармони ин мошини рангаш сиёҳ мешинад ва онро ба ҳаракат медарорад. Дар пасманзар садои як наврас ба гӯш мерасад, ки мегӯяд, “Самандар права дошта бошад?”

Самандар шаби 17 сентябр дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуд.

Дар он мусобиқа Нурулло Алиев, як варзишгари тоҷики дигар низ ғолиб омад, вале пирӯзии Самандар аз чанд нигоҳ фарқ мекард Аввал аз ҳама, дар рақобати ниҳоӣ бо Максим Шветс дар дври сеюми набард китфи рости паҳлавони тоҷик баромад ва  бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш ӯ бо як даст набардро идома дод ва дар даври чорум ҳтто рақибашро ба нокаути фаннӣ фиристод ва пирӯзиро ба даст овард.

Ҳамчунин Самандар Муродов ҳангоми эълони номи ғолиби мусобиқа мухлисони худро боз ҳам бештар ба ваҷд овард, чунки ҳам ӯ ва ҳам аъзои дигари дастааш ҳама футболкаҳо бо аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро ба тан карданд ва бо ин, ҳамраъйии худро бо нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшер ва атрофи он ба зидди Толибон меҷанганд, ба намоиш гузоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button