ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? ЯК ПАДАР КӮДАКИ СЕСОЛААШРО КУШТААСТ, ЯК ЗАН ПИСАРИ ӮГАЯШРО КОРД ЗАДААСТ…

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр аз ошкор шудани ду ҷинояти мудҳиш – қатли фарзанди хурдсол бо дасти падар ва сӯиқасд ба ҷони як писари ӯгай  аз ҷониби моиндараш – хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 307 иловаи-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ ва ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ суд шудааст, зи 11 майи соли 2020, тахминан соати 12:50, дар хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтааш дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, ки ин кӯдак фарзанди ӯ намебошад. “Дар ин замина нисбат ба фарзандаш нафрат пайдо карда, кӯдакро лату кӯб намуда, дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Сипас,  тахминан соати дуи шаби 12-уми майи соли 2020, ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Б.Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, –  гуфта мешавад дар гузориши расмии ВКД.


Оид ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 104 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои куштани кӯдаки хурдсоле, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, аз худ ҳимоят карда наметавонад ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон, ё ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Вале аз соли 2004 судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон таҳти мораторий қарор дорад.

Вақтҳои охир дар ҷомиаи Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ҷиноятҳои сангин ба зидди ҳаёт ва дахлнопазирии кӯдакон талаби дар мавриди чунин ҷиноятҳо барқарор кардани ҳукми қатл зиёд баланд мешаванд.

Бино ба хабари дигари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия зани 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд.
“Номбурда, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 15:00, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо фарзанди ӯгайяш, ноболиғи 16-солаи сокини ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ноболиғ зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад”,  –  гуфта мешавад дар гузориши ВКД.

Нисбат ба ин зан бар асоси қисми дуюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button