ВидеоФарҳанг

ОЁ АМРИКОИҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАРФ МЕЗАНАНД? БАЛЕ! (ВИДЕО)

“Оё амрикоиҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд?” – суол гузоштааст сафорати Амрико дар Тоҷикистон  дар саҳифааш дар Фейсбук ва худ посух додааст, ки: “Бале!” 

Хадамоти матбуоти сафорати Амрико видеои Кейти Макдоналд, пажуҳишгари  барномаи Фулбрайтро нашр кардааст, ки ӯ либоси куртаю эзори атласи тоҷикӣ дар тан дар яке аз боғҳои истироҳатии шаҳри Душанбе бо роҳгузарон ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунад ва ба ҳар кадом туҳфаи хурде тақдим карда, онҳоро бо ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон табрик мекунад. Дар видео дида мешавад, ки ҳамсуҳбатони Кейти аз тоҷикӣ суҳбат кардани ӯву атласпӯшиаш ба ваҷд омадаанд ва як зан ҳамчун ҳусни эҳтиром ба ҳарфҳои тоҷикии Кейти бо забони англисӣ посух медиҳад ва ба вай ба англисӣ изҳори сипос мекунад.

Кормандони хориҷии сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон маъмулан кӯшиш мекунанд, ки забони тоҷикиро ёд бигиранд ва бо мардуми тоҷик бо забони худашон ҳарф бизананд. Ғарбиён мутмаинанд, ки бо чунин шева метавон хубтар ба дили мардуми тоҷик роҳ ёфт ва эътимоди ин мардумро ба даст овард.

Сафирони қаблии Амрикову Бритониё ҳатто чӣ қадар забони тоҷикиро омӯхтани худро бе ибо на намоиш мегузоштанд ва дар маҳфилҳову ҷаласаҳо ва дар видеоҳо тоҷикӣ ҳарф мезаданд.

Ба фарқ аз кормандони сафоратҳову созмонҳои ғарбӣ, дипломатҳо аз Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон алоқаи чандоне ба омӯхтани забони тоҷикӣ нишон намедиҳанд ва ҳатто онҳоеяш ҳам, ки тоҷикиро хуб медонанд (барои мисол, сафири собиқи Русия Максим Пешков) кӯшиш мекарданд, ки боз ҳам дар ҳама ҷо ба русӣ суҳбат кунанд.

Сафорати Амрико бо нашри суҳбатҳои тоҷикии Кейти Макдоналд аз тамошобинон пурсидааст, ки ба назари онҳо, истифодаи забони тоҷикии Кейти чӣ гуна аст? “Агар ӯ шуморо табрик мекард, шумо чӣ мегуфтед?” – пурсидааст сафорат аз мардум.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button