ДУ ОДАМКУШӢ ДАР ДУШАНБЕ ВА ПИСАРАШРО КОРД ЗАДАНИ ПИРАМАРДИ 77-СОЛА ДАР РАШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як пирамарди 77-сола аз деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт рӯзи 16 сентябр, тахминан соати 17:30, дар хонааш бо писари 41-солааш ҷанҷол намуда, бо корд шиками ӯ як зарба задааст. Дар натиҷа, писарро дар бемористон бистарӣ карда, ба зидди падари пираш парванда кушодаанд. Ба мӯсафед бар асоси қисми якуми моддаи 110 барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
хххххххххххххх
ВКД ҳамчунин аз ошкор шудани ду ҷинояти одамкушӣ дар пойтахт хабар дод.
Аз ҷумла ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи Сино ба он айбдор мешавад, ки шаби 17 сентябр, соати 21:30 дар дохили майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Навоӣ бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ ҷанҷол намуда, ба рӯи ӯ чунон як мушти сахт задааст, ки ҷабрдида ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр, як ҷавони 18-солаи сокини Душанбе шаби 18 сентябр, соати 21:50 дар назди маркази савдои “Душанбе”, ба қисмати рости шиками ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсб як корд здааст. Ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 20 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Дастгир гардидани мӯсафеди 77-сола бо ҷурми расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба писараш
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 77-солаи сокини деҳаи Ниширёни ноҳияи Рашт ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиаш бо писари 41-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1 маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, писараш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳалокати ҷавони 21-сола дар дохили майдончаи варзишӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи А.Синои шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 17-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки охирин ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ба қатл расонидани ҷавони 20-сола аз ҳиссиёти авбошӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 18-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, дар назди бинои маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.