ВидеоҲодиса

25 РУЛОН МАТОЪРО БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТ: ЯК ЗАН ДАР РӮДАКӢ БА … ҒОРАТГАРӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Кормандони милитсия як зани 48-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён, маркази  ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ин зан моҳи майи соли 2015, бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз маркази савдои “Сафина”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониён 25-адад рулонҳои матоъи занона, ки ба зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия тааллуқ доштанд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Маълум нест, ки ин зан барои чӣ 25 бастаи матоъҳои занонаро аз дасти фурӯшандаи бозор ба зӯрӣ кашида гирифтааст. Ин ҳам рӯшан нест, ки чаро ҷабрдида фақат баъди 6 соли он ҳодиса ба мақомот муроҷиат кардааст?

Дар умум, даст задан ба ҷиноят ва қонуншиканӣ дар ҷомиаи муҳофизакори Тоҷикистон барои занону духтарон як шармандагии бузург ба ҳисоб меравад ва ҳодисаҳо даст ба ҷиноят задани ҷинси латиф дар ин ҷумҳурӣ хеле кам иттифоқ меуфтад.

Аксари заноне, ки дар маҳбаси Норак, ягона маҳбаси занона дар Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, асосан барои ҷиноятҳое, чун қаллобӣ ё қочоқи маводи мухаддир ба инҷо афтодаанд ва чанд нафаре  барои куштор, ки он ҳам аксаран дар ҳолати ҳаяҷони сахт анҷом додаанд.

Вале ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки занони тоҷикро барои авбошӣ ва ҳатто …  бо ҷурми латтукӯби мардон дастгир мекунанд.

Барои мисол, ВКД дар ҳафтаи ҷорӣ хабар дод, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки шаби 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиаш ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо корд ба ӯ ҳамла намуда, дасти чапашро захмӣ намудааст. Мувофиқи натиҷаҳои ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати сабук бардоштааст.  Сабаби чунин бархӯрди хашмгинонаи ин ҷавонзан гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тибқи моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ), расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мӯҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 80 то 160 соат ё бо ҷарима ба андозаи то 300 нишондиҳанда  барои ҳисобҳо (як  нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button