ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ЛОҲУРУ ТУРСУНЗОДА ВА ДУЗДИИ ДУ МОТОСИКЛ ДАР ПАНҶ

Шаби 15 сентябр, соати 23, бар асари чаппа шудани мошини боркаши тамғаи “Хино”  дар ҳудуди ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи 42-солаи мошин ҷон додааст. 

Рӯзи 16 сентябр, соати 15:30, бар асари ба дарахти чанор бархӯрдани як мошини “Тико” дар роҳи ҷамоати Шукуров дар канори шаҳри Турсунзода ронандаи 57-солаи ин мошин ба ҳалокат расида, се мусофираш, аз ҷумла як кӯдаки яксола ҷароҳат бардоштаанд.

хххххх

Ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Сино ба он гумонбар мешавад, ки шаби 7 ба 8 сентябр ба хонаи як сокини  63-солаи ҳамин ноҳия даромада, як ноутбук ва як мӯйхушккунакро дуздидааст.

Сокини 19-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 2 сентябр аз назди идораи алоқаи ноҳияи Панҷ як мотосикли “Мулан” ва рӯзи 29 июл аз таваққуфгоҳи таксиҳои ҷамоати Кабут Сайфутдин як мотосикли “Дели”-ро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандагон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико”, Бутаев Муродулло Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Шукурови шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти чанори канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Ҳалимова Фотима Маҳмадалиевна, соли таваллудаш 1994, Бутаева Эътибор Бозоровна, соли таваллудаш 1969 ва хурдсол Суҳробзода Марями Суҳроб, соли таваллудаш 2020, сокинони ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови ҳамин шаҳр, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва худи ронанда Бутаев М.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, 15-уми сентябри 2021, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Хино”, Қараев Зафарҷон Болтаевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идори воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Қараев З.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 63-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 7 ба 8-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи “Делта” ва 1-адад асбоби мӯйхушккунакро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 450-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда моҳи августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногунӣ тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза марди 48-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 2-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди идораи алоқаи ноҳия, 1-адад мототсикли тамғаи “Мулан”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда рӯзи 29-уми июли соли 2021, тахминан соати 13:00, бо роҳи пинҳонӣ аз таваққуфгоҳи таксиҳои ҷамоати деҳоти К.Сайфутдини ҳамин ноҳия, 1-адад мототсикли тамғаи “Делӣ-200-куба”, ки ба марди 53-солаи сокини ҳамин ҷамоат, тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button